Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 6-уми ноябр
Чоп шуд: 05/11/2019 | redaktorАгентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 6-7 ноябри соли равон дар ноҳияҳои ҷудогонаи кишвар туман мефарояд. Ҳарорати шабонаи доманакӯҳҳо то -3 дараҷа сард мешавад ва Агентии мегӯяд ҳарорати ин ду рӯз дар минтақаҳои кӯҳӣ барои чаронидани чорво номусоид аст.
6-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст, аммо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорат шабона 3+5°, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.