Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос карда, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст. Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарон ва ҳайати шахсӣ ҷаласаҳои тантанавӣ бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои тантанавӣ баромадкунандагон нақши пурарзиш ва бебаҳои Конститутсия дар ташаккули давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин дар таъмини рушди иқтисодии кишвар таъкид намуданд. Татбиқи ғояҳо, принсипҳо ва меъёрҳои Конститутсия татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти демократиро таъмин мекунад.
Ҳамчунин, бо ҳайати шахсӣ оид ба таърихи қабули Конститутсияи кишвар дарсҳо гузаронида шуданд. Дар гӯшаҳои махсуси ташкилшуда дар Раёсатҳои КҲФ матолиби тоза дар бораи таърихи қабули Қонуни асосии мамлакат навишта шуданд, дар қисмҳои ҳарбӣ бошанд варақаҳо таҳия ва миёни сарбозону афсарон паҳн карда шуданд.