Афзоиши бесобиқаи хирсҳо дар Руминия сабаби ҳалокати одамон шудааст
Чоп шуд: 22/11/2019 | adminДар Руминия ҳодисаҳои ҳамлаи хирсҳо ба одамон афзудааст. Деҳқонони ин кишвар мегӯянд, ки солҳои охир хирсҳо басо зиёд ва бошиддат афзоиш кардаанд. Онҳо заминҳои киштро хароб мекунанд, ба одамон ва ҳайвонот ҳамла мекунанд. Сокинони баъзе рустоҳо метарсанд, ки аз хонаҳои худ берун раванд. Як соли охир бар асари ҳамлаи хирсҳо дар Руминия 6 нафар кушта шудаанд ва се тани онҳо танҳо зарфи як моҳ ба ҳалокат расидаанд.