Аз субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари барфи аввал буд. Дар кулли қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе барф борид, замин сафед шуд, шохаҳои дарахтон аз вазнинии барфи тар хам заданд. Гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои барфӣ ҳаловати дигар дошт. Баъди гармиҳои тобистон барфи аввал пайғоми сафедии сол дошт. То ин лаҳзаҳо хабаре дастрас нашуда, ки барф муҷиби кадом нохӯшие шуда бошад. Тибқи гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар, рӯзи шанбе дар аксар қаламрави Тоҷикистон, ба истиснои баландкӯҳҳо бориш намешавад. Ва табиист, ки дамои ҳаво низ тадриҷан дар қиёс ба рӯзҳои пеш рӯ ба гармӣ меорад, аммо ноаён ва ба ҳадде, ки қариб ин тағйир ҳисс намешавад.
Ва вазъи боду ҳаво дар кишвар дар рӯзи шанбе, 23 ноябр ба ин сурат хоҳад буд:
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш, вале бо туман пешбинӣ шудааст. Шамол ҳамоно аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзон 6+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи марказ - ҳавои абрӣ хоҳад буд, каме бориш мешавад, аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан барфи сабук меборад, туман ҳам ҳаворо тира мекунад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзон аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо аз 13 то 18 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзон аз 5 то 7° гарм хоҳад буд.
Ҳавои вилояти Суғд дамои ҳаво тағйир намеёбад, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст меборад. Вазиши бод аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 11+ 16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ низ абрист, аммо бебориш. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа хунук ва рӯзон 3+5° гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб бориш намешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 11-13°, рӯзона 2-4 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ ҳаво бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад, дар шарқи вилоят шабона аз 12 то 17 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Бохтар ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз сати ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад
ш. Кӯлоб низ бориш намешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 0+2, рӯзона 5+7° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист, аммо бориш намешавад. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.