ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)
Чоп шуд: 08/11/2019 | redaktorЗамоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар осонфатҳшаванда ҳам будааст. Тахминан 3 ҳазор кӯҳнавардон дар солҳои гуногун муваффақ ба фатҳи қуллаи он шуданд, ки дар миёни онҳо як бачаи 13-солаи нобино ва пиразани 73-сола ҳам буданд.