Заминларзаи шадид дар вилояти Озабойҷони Шарқӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Эрон чаҳор нафарро кушт ва бештар аз 70 тан захмӣ шуданд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки қувваи заминларза дар маркази он 5,9 балл буд ва ин ҳодиса соати 02:17 дақиқаи шаб, ки маъмулан аксарият дар хоб буданд, рух дод. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки ҳоло 8 гурӯҳи имдод дар ҷойи ҳодиса кор мекунад ва машғули наҷоти одамон ва интиқоли онҳо ба маконҳои амн мебошанд.
Хабаргузориҳо ҳамчунин аз инфиҷори хати лулаи газ дар минтақа иттилоъ доданд.
Дар бораи мизони талафот ва вайрониҳо хабаре беш аз ин расонаӣ нашудааст. Баъзе манбаҳо гуфтаанд, ки дар ин заминларза 5 нафар кушта ва 120 тани дигар захм бардоштанд.
Солҳои охир дар Эрон се заминларзаи пуршиддати вайронгар ба қайд гирифта шудааст. Аввалӣ соли 2005 рух дод ва бар асари он бештар аз 600 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дуюмӣ соли 2012 ба вуқуъ пайваст ва дар он наздик ба 300 нафар кушта шуданд. Ва сеюмин такони сахти замин дар ин кишвар соли 2017 рух дода буд, ки наздик ба 600 нафар қурбон шуданд.
Аммо заминларзаи шадид дар Эрон соли 1990 рух дода буд, ки 40 ҳазор нафар дар он ҷон бохтанд ва 300 ҳазор тани дигар захм бардоштанд, ним миллион нафар сокинон беҷову макон шуданд.