Ёде аз таърихи мошинҳои барфрӯбӣ дар остонаи зимистон
Чоп шуд: 20/11/2019 | redaktorИмрӯз наметавон ҳаёти худро бе вуҷуди мошинҳои барфрӯбӣ тасаввур кард. Аммо замонҳои пеш, ҳатто як аср пештар мушкилоти шаҳрҳо дар зимистон ба маротиб бештар буд. Кӯчаҳои барфпӯш равуои одамон ва аробаҳоро душвар мекарданд. Он замон мошин ба ҳадди имрӯз зиёд набуд ва шаҳрҳо ҳам камҷамъият буданд. Вале зимистон ва замони яхбандӣ мушкилоти чӣ шаҳриён ва чӣ деҳотиёнро афзун мекарданд.