Наҷоти кӯдаки дусола, ки паси дари баста монда буд

Модар наметавонист дари башиддат басташудаи манзили худро боз кунад. Дохили хона тифлаки дусола танҳо буд ва метавонист ҳар лаҳза моҷарое ба сараш ояд. Ду ҷавони дигар савори лифт миёни ду ошёна дармонданд ва агар наҷотдиҳандагони Кумитаро ба кумак даъват намекарданд, шаби сард чӣ таъсире ба ҷонашон мегузошт?

Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боз кардани дари баста ва лифти дармонда ба сокинон ёрӣ расониданд. 

Чунончӣ, бегоҳии 19 ноябри соли равон ба Қисми навбатдории Кумита аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  як хонум занг зад ва изҳор дошт, ки дари оҳании даромади манзили худро наметавонад боз кунад. Писарчаи дусолаи ӯ даруни хона танҳо мондааст ва ӯ аз сарнавишташ басо нигарон аст.

Кормандони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сари вақт  ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва тифлаки дусоларо солим ба модараш расонданд. 

Нимишабӣ дар лифти хонаи нуҳошёна воқеъ дар кӯчаи ба номи Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду ҷавон дармонданд. Лифт на боло мерафту на поин ва на дари худро боз мекард.

Ҳамсояҳо ба қисми навбатдории Кумита занг заданд ва бо арзи ҳолати пешомада кумак хостанд. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса худро расонданд. Маълум карданд, ки лифт миёни ошёнаҳои панҷум ва шашум дармондааст.

Дар як муддати хеле кутоҳ лифтро боз карданд ва ду ҷавонро аз дохили он берун оварданд. Онҳо дигар савори лифт нашуданд, бо изҳори ташаккур ба наҷотдиҳандагон бо зинаҳо ба манзилҳои худ боло шуданд. Барои онҳо кумаки тиббӣ низ лозим нашуд.