Обу ҳавои рӯзи якшанбе, 10-уми ноябр
Чоп шуд: 09/11/2019 | redaktorТибқи гузориши созмони ҳавошиносии кишвар тақрибан дар ҳама минтақаҳои кишвар рӯзи якшанбе ҳавои гармтар аз имрӯзро интизорем ё ҳаддиақал ҳарорат ҳамоне боқӣ мемонад, ки имрӯз ҳаст. Аммо шабонгаҳон дар баъзе минтақаҳо ҳавои аз имшаб сардтар, дар нуқоти дигар ҳавои аз имшаб боз каме гармтар дар назар аст. Аммо куллан рӯзи якшанбеи мо бебориш аст. Абрҳо дар аксар қисматҳои кишвар болои сари мо гоҳ-гоҳе соя хоҳанд андохт, аммо бе бориш.