Сӯхторхомӯшкунандагон дар иёлотҳои Уелси Нави Ҷанубӣ ва Квинсленди Австралия ҳамзамон бо чандин оташсӯзӣ дар бешазорони ин минтақа муқобила мекунанд. Мақомоти расмӣ эълон карданд, ки ҳоло дар 16 нуқтаи ин ду иёлот оташ забона мезанад ва оташсӯзӣ дар 50 нуқтаи дигар низ аз назорат хориҷ шудааст.
Дар мубориза барои пешгирӣ аз доманаи оташ бештар аз як ҳазор кормандони идораи сӯхторнишонӣ, 70 ҳавопаймо ширкат доранд. Аммо мақмомот мегӯянд аз он ки оташ торафт ба манотиқи бештар доман паҳн мекунад, ин ҳама талошҳо алҳол натиҷаи чашмрас надодаанд.
Мақомот иттилоъ додаанд, ки ҳавои гарму хушк ва вазиши боди сахт сабабгори он шудааст, ки оташ беш аз пеш аланга гирад ва ҳарчи сари роҳаш аз тару хушк ҳаст, бисӯзад. Гуфта мешавад, ки дар фасли гармо оташсӯзӣ дар бешазорони Австралия як ҳодисаи маъмулист ва он ҳамеша рух медиҳад. Аммо он чи ҳоло иттифоқ меуфтад, нигаронкунанда аст.
Дар айни замон бино ба гузориши хабаргузориҳо ҳудудан як ҳазор километр минтақаи соҳилӣ месӯзад. Мақомот аз он нигаронанд ва бо наздик омадани оташ ба шоҳроҳ муддате ҳаркати мошинҳо дар онро бастанд.
Ҳамзамон бо ин дар бахше аз минтақаҳои соҳилии иёлоти Квинсленд минтақаҳои маскунӣ аз сокинон холӣ карда шудаанд. ВВС иттилоъ додааст, ки радиои маҳаллӣ барномаҳои одии худро қатъ кардааст ва ба пахши ахбори лаҳза ба лаҳза аз вазъияти оташсӯзӣ ва раҳнамоии сокинони маҳаллӣ пардохтааст.