Машварати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳриён: ба зимистон омода мешавем
Чоп шуд: 03/11/2019 | redaktorИнак, зимистон ҳам наздик омад, аз ҳоло сардиҳои онро эҳсос мекунем. Ва омодагӣ ба он яке аз шартҳои асосии бу хушӣ, бе беморӣ пушти сар гузоштани фасли сармо аст. Пас чӣ бояд кард? Мо аксар вақт аз сатҳи хидматрасониҳои комуналӣ қаноатманд нестем. Бахусус дар ин шабу рӯз, ки баъзан моҳҳову солҳо хизматрасонии комуналиро аслан намебинем. Ва оё мешавад, ки умед ба каси дигар баст, дар ҳоле ки худи мо барои хонаву дари худ метавонем корҳои зиёдеро анҷом диҳем, ки ба нафъи худи мост.