2 ноябри соли 2019 дар остонаи 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон волидони курсантҳои КҲФ, ки дар Академияи авиатсияи граждании ВҲФ Федератсияи Русия таҳсил мекунанд ва дар спартакиадаи варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, қадрдонӣ шуданд.
Дра қатори соҳибҷоизаҳо қаторӣ, курсанти соли аввал Сарабеки Сироҷиддин буд, ки дар мусобиқоти варзишии бокс дар вазни 81 кило ҷойи аввалро ишғол намуд. Ӯ ба медали тилло мукофотонида шудааст.
Курсанти соли дуюм, сержанти хурд Саймуддинов Муҳаммад дар вазни 69 кило ҷойи дуюмро ишғол карда ва соҳиби медали нуқра шудааст.
Сержанти хурд Эмомов Шуҳрат дар вазни 69 кило соҳиби ҷойи сеюм шуда ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин барои ширкати фаъолона дар чорабиниҳои варзишии Академия чор курсанти КҲФ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд:
1. сержанти хурд Акрамов Тимур, курсанти соли 3 - ум;
2. сржанти хурд Сафаров Исо, курсанти соли 3 - ум;
3. сержанти хурд Маҳмадзода Шаҳром, курсанти соли 3 - ум;
4. қаторӣ Назаров Икромҷон, курсанти соли 1 - ум.
Аз номи роҳбарияти КҲФ ба волидон барои тарбияи фарзандони сазовору шоиста арзи сипос карда шуда, ба онҳо номаҳои сипос ва ифтихорномаҳо низ тақдим карда шуданд.