Activities calendar

11 ноября 2019

Обу ҳавои рӯзи сешанбе, 12-уми ноябр

Гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар боз ҳам ҳикоят аз он мекунад, ки ҳаво рӯзи сешанбе, 12 ноябр дар саросари кишвар бебориш аст. Аммо ин бор ҳавои тағйирёбанда эълон шудааст. Яъне, дар сардиву гармӣ минтақаҳо назар ба ду рӯзи охир каме фарқ мекунанд. Аммо ин фарқи чандон назаррас нест. Ба сурати умум моро рӯзи сешанбе ҳавои бебориш интизор аст ва суръати вазиши бод ҳам мисли ҳамарӯза: аз 3 то 8 метр дар як сония аст.

Сарварони идораҳои давлатҳои узви СҲШ ба таҳкими ҳамкориҳо таъкид карданд

Сарварони идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти Деҳлӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мувофиқат карданд. Дар ин ҷаласа, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор  шуд, натиҷаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид, ҳамчунин тарҳи нави ин ҳамкориҳо тасдиқ шуд.

Боз кардани дари баста ва наҷоти як тифли дусола

Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боз кардани чанд  дари баста кумак расонанд.

Шаби 10-уми ноябри соли 2019 дар Қисми навбатдории КҲФ сокини ноҳияи Синои пойтахт занг зад. Зани ҷавон бо як изтиробу нигаронӣ хабар дод, ки бо сабабҳои барояш