Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боз кардани чанд дари баста кумак расонанд.
Шаби 10-уми ноябри соли 2019 дар Қисми навбатдории КҲФ сокини ноҳияи Синои пойтахт занг зад. Зани ҷавон бо як изтиробу нигаронӣ хабар дод, ки бо сабабҳои барояш номаълум дари ҳаммоми хонааш баста шудаасту дохили он духтарчаи дусолааш мондааст. Худи ӯ ҳарчанд талош мекунад, наметавонад дарро боз кунад. Наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар кутоҳтарин фурсат худро ба суроғаи номбурда расонданд ва дарро бе ягон осеб кушода, тифлакро солим ба модараш доданд.
Худи ҳамин шаб дар ошёнаи шашуми бинои бисёрқабата, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз беэҳтиётии сокинон дар баста шудааст ва онҳо мустақилона натавонистаанд онро боз кунанд. Кормадони КҲФ баъди даъват фавран ба маҳал расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва имкони вуруди сокинонро фароҳам оварданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат менамояд, ки дар сурати рух додани ҳолати фавқулода бо телефонҳоим 112 ва ё 93 880 28 19 хабар расонанд.