Гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар боз ҳам ҳикоят аз он мекунад, ки ҳаво рӯзи сешанбе, 12 ноябр дар саросари кишвар бебориш аст. Аммо ин бор ҳавои тағйирёбанда эълон шудааст. Яъне, дар сардиву гармӣ минтақаҳо назар ба ду рӯзи охир каме фарқ мекунанд. Аммо ин фарқи чандон назаррас нест. Ба сурати умум моро рӯзи сешанбе ҳавои бебориш интизор аст ва суръати вазиши бод ҳам мисли ҳамарӯза: аз 3 то 8 метр дар як сония аст.
12-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорат шабона -1+2°, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳаво тағйирёбанда ва бебориш. Вазиши шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония. Ҳарорат дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2° ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тайирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бориш намешавад, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1 - 6° сард, рӯзона 6+11° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1°, рӯзона 12+14° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда ва беборишоти назаррас. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 11-13° сард, рӯзона 0+2° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона - 2+3°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 11 - 16° сард, рӯзона -3+2° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои камабри бебориш. Шабона 2+4°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
ш. Кӯлоб – Ҳавои тағйирёбанда ва бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳавои бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 14+19 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.