Инак, зимистон ҳам наздик омад, аз ҳоло сардиҳои онро эҳсос мекунем. Ва омодагӣ ба он яке аз шартҳои асосии бу хушӣ, бе беморӣ пушти сар гузоштани фасли сармо аст. Пас чӣ бояд кард? Мо аксар вақт аз сатҳи хидматрасониҳои комуналӣ қаноатманд нестем. Бахусус дар ин шабу рӯз, ки баъзан моҳҳову солҳо хизматрасонии комуналиро аслан намебинем. Ва оё мешавад, ки умед ба каси дигар баст, дар ҳоле ки худи мо барои хонаву дари худ метавонем корҳои зиёдеро анҷом диҳем, ки ба нафъи худи мост.
Дар аввал чунин ба назар мерасад, ки мо кулан омода ба истиқболи зимистонем. Вале дар асл ин танҳо як фиреби назар аст. Агар ба хонаву макони зисти худ бо диққат назар андозем, шояд даҳҳо кабудироо мебинем ва ҷолиб он аст, ки ин камбудиҳо аввал ба чашмамон намерасанд. Бо назардошти ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт аз тариқи сомонаи худ бо маслиҳату машварат маҷозан дар хонаҳои шумо ҳузур ёбад ва якҷо бо шумо он камбудиҳоро биҷӯяд ва барои ислоҳи вазъ кумаки машваратии худро дареғ надорад. Омодаед, моро бипазиред ва бишнавед? Агар ҳа, пас шуруъ мекунем.
Машварати аввал: Хонаҳоро тоза мекунем
Маслиҳати аввалини мо ба одатҳои ҳамешагии худи мо иртибот дорад, яъне ба истиқболи зимистон ҳам бояд манзили зисти худро тоза кунем. Ва ин поксозӣ танҳо аз тоза кардани тирезаҳо иборат нест, ки шумо ин корро доим мекунед. Қабул кунед: ҳамин тирезаҳоро ҳам шумо дар сармо дигар намешӯед ва сабабҳои ин маълуманд. Аммо барқарории низом ҳамеша муфид аст.
Аввалан, поккории умумӣ ва сартосарӣ ҳеч вақт зарар надорад ва дар оғози зимистон ин беш аз ҳар вақти дигар зарур аст.
Аз сӯйи дигар фасли гармо, ки ҳоло мешавад бе мушкил дару тирезаҳоро боз кард ва ҳаворо тоза намуд, ин корро кардан ба маротиб осонтар аст, берун бурдани партовҳо мушкиле надорад. Агар дар остонаи сармо ин корҳоро анҷом надиҳед, пас тӯли чанд моҳи оянда дар иҳотаи партову чангу гард хоҳеле зарур аст.д монд.
Ва дар поккории остонаи зимистон ҳам шустану тоза кардани тирезаҳо хеле муфид аст. Пеш аз ҳама, албатта, шустани тирезаҳо зарур аст. Зеро баъдҳо шумо ин корро аслан наметавонед анҷом диҳед, чун баробари боз кардани тиреза ҳавои сард вориди хонаи шумо мешавад.
Қолине, ки зимистонро шумо болои он мегузаронед, низ бояд тоза карда шавад. Маҳз ҳамин қолин ҷамъоварандаи хоку лойи зимистон аст ва он гарду чангро ҳатто нерӯмандтарин чангкашак ҳам наметавонад, кашад.
Машварати дуюм. Хонаҳоро гарм мекунем
Албатта, дар арафаи зимистон чизи аз ҳама муҳим ин талош барои гарм нигоҳ доштани хонаҳост. Омода кардани хонаҳо ба зимистон ба мисли он аст, ки барои гарм нигоҳ доштани бадани худ мо либосҳои арзандаву лоиқро интихоб мекунем.
Аввалан шумо бояд худи ҳуҷраро гарм кунед. Аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед он аст, ки ҷойҳоеро, ки гармӣ аз он хориҷ мешавад, пайдо намоед, зеро аз тарқишҳо, ҳатто агар онҳо чандон калон ҳам нестанд, сардӣ ба хона ворид мешавад. Шумо ба чаҳорчӯбаи тиреза диққат диҳед. Инчунин дари даромадро санҷед. Оре, шумо шояд дуруст меандешед, ки дар даромадгоҳ мисли кӯча хунук нест, вале бояд донед, ки аз он сардии бештар ба хонаи шумо ворид мешавад.
Дар ин ҳол талош кунед ҳама ҷойе, ки воситаҳои алоқа аз он ворид шудаанд, ба мисли симҳои телевизион, мавҷгири радиову телевизионро санҷед. Маъмулан шикофҳое дар он боқӣ мемонанд, ки роҳи вуруди сардӣ ба хонаи шумост.
Машварати сеюм. Таъмир мекунем
Мушкилоту камбудиҳое, ки болотар аз онҳо ёд кардем, ба таъмиру тармими зиёд ва бузург ниёз надоранд. Он сӯроху тарқишҳоро ҳатто бе даъвати усто худи шумо метавонед, бандед ва роҳи вуруди сардӣ ба хонаатонро дар фасли гармо масдуд созед. Аммо дар ин миён баъзе мушкилиҳое ҳам ҳастанд, ки шояд ба усто даъват кардан ниёз бошад.
Пеш аз ҳама, ин ба гармкунии деворҳо, сақф ва фарши хона дахл дорад. Агар шумо дар ошёнаи якум зиндагӣ кунед, дар ин сурат барои шумо лозим меояд фарши ханаатонро гарм кунед. Ягон гуна қолинандозӣ пеши роҳи сарморо наметавонад бигирад, аз ин рӯ роҳи ягона гарм кардани фарш аст. Ва мантиқан ин ба сақфи хона ҳам дахл дорад. Агар шумо дар ошёнаи аз ҳама баланд зиндагонӣ мекунед, пас бояд ғами сақфи хонаро ҳам худатон хӯред.
Аммо ягон хона аз сардии девор эмин нест, кулли хонаҳо мо дар фасли зимистон деворҳои сард доранд. Ҳатман, ки яке аз деворҳои хонаи шумо рӯ ба кӯча аст ва агар як девор чунин аст, чандон даҳшатнок ҳам нест, метавон илоҷи онро ёфт, вале агар шумо дар хонаҳои кунҷӣ ҳаёт ба сар мебаред, пас ин хонаҳо маъмулан ду ё се довори рӯ ба берун доранд. Дар ин ҳол бояд шумо ғами гарм кардани ин деворҳоро бештар хӯред.
Ҳамзамон асбобҳои барқии худро аз назар мегузаронем, хатҳои интиқоли барқ ва дигар гӯшаҳое, ки моро водор мекунанд, бухориҳои барқии худро ба онҳо васл кунем, бояд аз нигоҳи бехатарӣ хуб санҷида шаванд. Маъмулан дар фасли зимистон аҳолӣ дар шаҳр бештар аз қувваи барқ истифода мекунад ва разеткаҳои мо баъзан тавони бардошти бухориҳои барқии пурқудратро надоранд. Инро бояд ба ҳисоб гирифт.
Ва нуктаи дигар: баъзан таъмири бахше аз хона зарур меояд, ки дар назари аввал гумон мекунед чандон аҳамияте ба гарм кардани он нест. Аз ҷумла ваннаву ҳоҷатхона. Ин дар назари аввал чунин аст, ки гарм нигоҳ доштани онҳо чандон зарур нест. Эҳтимоли сӯрох шудани бурришгоҳи қубурҳои обгузар заруранд, ки бояд ҳоло онро анҷом дод. Гап сари он ки таъмири хона дар фасли зимистон имкон надорад, намешавад, ки шумо ба хотири роҳандозии корҳои таъмир ҳаракати об дар қубурҳоро қатъ кунед, ки ин боиси норозигии ҳамсоягони шумо мешавад. Чун агар об доим дар гардиш набошад, оби истода дар қубурҳо дар фосилаи вақти таъмири шумо ях мебанданд.
Набояд фаромӯш кард, ки гарм кардани манзил ин танҳо фароҳам овардани шароити хуби зист нест, балки он ғамхорӣ ба саломатии шумост. Агар ҳарорати ҳаво дар хона муътадил бошад, сирояти бемориҳо камтар мешавад ва шумо барои муолиҷа аз буҷаи хонавода пул ҷудо мекунед. Ҳатто худи фароҳам овардани шароитҳои мусоид боис мешаванд, ки оила дар гарм кардани хонаҳо маблағи камтар масраф намояд.
Ин яке аз маслиҳатҳои мо буд. Суҳбати ғоибонаи мо дар ин фазои пурранги маҷозӣ идома хоҳад кард. Бо мо бошед, то шуморо аз чизҳои дигаре, ки барои шумо қобили аҳамият аст, огоҳ созем.