Тибқи гузориши созмони ҳавошиносии кишвар тақрибан дар ҳама минтақаҳои кишвар рӯзи якшанбе ҳавои гармтар аз имрӯзро интизорем ё ҳаддиақал ҳарорат ҳамоне боқӣ мемонад, ки имрӯз ҳаст. Аммо шабонгаҳон дар баъзе минтақаҳо ҳавои аз имшаб сардтар, дар нуқоти дигар ҳавои аз имшаб боз каме гармтар дар назар аст. Аммо куллан рӯзи якшанбеи мо бебориш аст. Абрҳо дар аксар қисматҳои кишвар болои сари мо гоҳ-гоҳе соя хоҳанд андохт, аммо бе бориш.
10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорат шабона 0+2°, рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳаво камабр асту бебориш. Вазиши шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония. Ҳарорат дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1° ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои камабри бебори. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+1°, рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бориш намешавад, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0 - 5° сард, рӯзона 5+10° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° сард, рӯзона 10+12° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда ва беборишоти назаррас. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14-16° сард, рӯзона 0+2° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона - 4+1°, рӯзона 7+12° гарм, дар шарқи вилоят шабона 13 - 18° сард, рӯзона -2+3° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои камабри бебориш. Шабона 3+5°, рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
ш. Кӯлоб – Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 12+17 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.