19 – уми ноябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов гузашт.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, ки қарор аст 6-уми декабри соли равон баргузор шавад, дар бораи тасдиқи лоиҳаи барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2019-2022, ки аз Стратегияи Миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 бармеояд ва оид ба мониторинги татбиқи Стратегияи Миллӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ширкаткунандагон масъалаҳои омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар давраи тирамоҳу зимистон, дар мавриди сафарҳои саҳроии гурӯҳи коршиносон ва роҳандозии чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳоро барарсӣ карданд.
Дар ҷаласа намояндагони 18 вазорату идораҳо, намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.