Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон сардиҳо муваққатан гузаштанд, боришҳо низ. Ҳарорати ҳаво дар сар то сари кишвар каме рӯ ба гармӣ овардааст. Албатта, ҳаво ҳавои тирамоҳ, балки охири тирамоҳ аст ва тағйири ҳарлаҳза дорад.
9-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорат шабона 1+3°, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳаво камабр асту бебориш. Вазиши шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5°, рӯзона 11-16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+1° ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. .
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои камабри бебори. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+1°, рӯзона 13+15° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бориш намешавад, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3 + 2°, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2 - 7° сард, рӯзона 5+10° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° сард, рӯзона 9+11° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда ва беборишоти назаррас. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 12-14° сард, рӯзона 2+4° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона - 4+1°, рӯзона 6+11° гарм, дар шарқи вилоят шабона 12 - 17° сард, рӯзона -1+4° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои камабри бебориш. Шабона 2+4°, рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.
ш. Кӯлоб – Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тум ан мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 12+17 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.