Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаҳмонидани омилҳои сироятёбӣ, роҳҳои муолиҷа аз бемории сил афсарону сарбозони қисми низомии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо корманди Раёсат майор Адолат Карамхудоева Назришоевна вохўрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохўрӣ майор Адолам Карамхудоева бо истифода аз аёниятҳо вобаста ба бемории сирояти сил, сабабҳои паҳншавӣ, сироятёбӣ, нишонаҳои беморӣ, чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ, роҳҳои муолиҷа ба иштирокдорон бо факту далелҳо маълумот дод.
Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои паст кардани хавфи гирифторшавӣ ба ин бемории сироятшаванда, риояи қоидаҳои беҳдошт, истеъмоли хўрокҳои серғизо, гузаштан аз муоинаи тиббӣ мавриди барарсӣ қарор гирифтанд.
Дар вохўрӣ ҳамаи ҳайати шахсии қисми низомӣ ширкат карданд.
Дар поёни мулоқот ба ширкаткунандагон матолиби таблиғотӣ, китобчаҳо ва варақаҳо тақсим карда шуданд.
Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, лейтенант