Имрӯзу дирӯзи парчами миллӣ

Бостоншиносон собит менамоянд, ки парчам аз аҳди қадим яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон маҳсуб меёфт.Ҳанўз дар даврони гузашта рушди рамзи ливоҳо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо аслан дар муборизаҳо мавқеи лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвоҳои ҷангиро ифода мекард. Ба даст давровардани ливои душман одатан маънии рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст додан, аз даст рафтани ливо ифодагари марги сарвар ва ё асир уфтодани ӯро дошт. Ҳамчунин, дирафш нақши даркнамоиро иҷро мекард: ҳангоми муҳориба ва набардҳо вобаста ба хусусияти парчам ва ба ҳаракат даровардани ҷанговарон ё мутаҳид мешуданд ва ё ақибнишинӣ мекарданд. Тақдирсоз будани ливо бо мурури замон онро ба як унсури муқаддасе табдил дод, ки эҳтиром арҷгузорӣ ва ҳифз намуданаш хусусияти ҳатмиро гирифт.

Бо гузашти замон ва тағйир хурдани сиёсатҳо шакл ва истифодаи парчамро низ то ҳадде тағйр ёфта, он як шакли ягона ва муқараршударо ба худ касб кард. Зам шудани матоъ ба ин рамзи қадима вижагии дигареро илова намуд; акнун он бояд ҳатман дар ҳаво парафшонӣ мекард, ки ин хусусият табиатан хоси матоъ мебошад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин ливоӣ матоӣ дар Чин ба вуҷуд омад, чунки Чин маркази истеҳсоли маҳсулоти абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми ҷаҳон содир мешуд.

Парчам акнун аз як порчаи муайяни матое иборат буд, ки он ба поячуб насб шуда, бо рамзҳо ва аломатҳои гуногун ороиш меёфт. Парчамро аз матоъпораҳои рангаи мухталиф омода мекарданд ва ё худи матоъро ранг мемолиданд. Дар натиҷа ҳар як ливо ба як рамзе табдил меёфт, ки назари худро надошт ва дар худ муҳтавои махсусеро ифода мекард.

Дар парчам метавонад ҳадафҳои инқилобӣ, созандагӣ ва рушд, ичунин сохторию идеологӣ низ истифода шавад. Ба ҷуз ҳамчун рамзи давлатӣ, динӣ ва ҳарбӣ истифода шудан, парчам ба сифати рамзи миллӣ, тиҷоратӣ, ифодакунандаи мансубият ба ин ё он ташкилот: маҳалҳо, гурўҳхои варзишӣ ҳизбҳои сиёсӣ  ва билохира ба сифати рамзи муборизаи халқҳо барои истиқлолияти миллӣ маъмул гардид.

        Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ - яъне таҷассумгари гузаштаи шоён  ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории таърихиву такдирсоз бисту ҳашт сол пур шуд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ озмун эълон шуд, ки он ба таври пўшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омўзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмуни беҳтарин парчами миллӣ матои серрангро пениҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи таърихи гузашта ва имрўзаи халқи тоҷик буд.

Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзхои нави давлатӣ монеа эҷод мекард ва танҳо 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Қарор оид ба Нишони чумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва 170 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти  давлатӣ, иттифоқи вайроннашавндаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дўстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Мувофиқи Низомнома оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст, «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзи мастақилияти ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Муссалам аст, ки хамасола дар Тоҷикистон 24 ноябр Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад Ҷашн гирифтани ин рўз нишона аз арҷгузорӣ ва эҳтиром нисбати ин муқаддасоти миллӣ мебошад. Мувофиқи тартиботи муайянгашта  ин рўз дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишварамон чорабиниҳои идона баргузор мешавад.

Парчам ифодагари ифтихору худшиносии миллӣ, рамзи давлатдории қадимаи халқи тоҷик ва асилзодании онро ифода  менамояд. Аз ин рў, бузургдошти Парчами давлатӣ-арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони форсу тоҷик ва талошу муборизаҳои халқи ранҷбариу заҳматкаш дар масири таърих маҳсуб ёфта, ҳимояву ҳифзи он ва арҷгузорӣ ба ин ливои ҳамешапарафшон қарзи ҳар яки мо мебошад.   

      Ва чуноне ки Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».

 

 Шаҳло Раҳимова