Дар Руминия ҳодисаҳои ҳамлаи хирсҳо ба одамон афзудааст. Деҳқонони ин кишвар мегӯянд, ки солҳои охир хирсҳо басо зиёд ва бошиддат афзоиш кардаанд. Онҳо заминҳои киштро хароб мекунанд, ба одамон ва ҳайвонот ҳамла мекунанд. Сокинони баъзе рустоҳо метарсанд, ки аз хонаҳои худ берун раванд. Як соли охир бар асари ҳамлаи хирсҳо дар Руминия 6 нафар кушта шудаанд ва се тани онҳо танҳо зарфи як моҳ ба ҳалокат расидаанд.
Барои қиёс аз соли 2000 то 2015 дар ин кишвар 11 нафарро хирсҳо куштаанд. Дар Руминия хирсҳои бур ба ҳадди мушоҳидашаванда зиёданд.
Хирсҳо дар майдонҳои кишвар ва роҳҳо
Барои захираи чарбу дар зимистон хирсҳои бур ё қаҳваиро лозим меояд ҳар рӯз то 20 ҳазор каллория ғизо истеъмол намоянд. Онҳо дар ҷустуҷӯи ғизо роҳи басо тӯлониро тай мекунанд, ба рустоҳо медароянд, сари роҳҳо менишинанд ва ба мошинҳо низ ҳамла мекунанд.
Матбуоти Руминия чанде пештар хабареро дарҷ кард, ки тибқи он як мошин хирсеро задаву маҷруҳ кардааст ва баъди афтударафту мубориза бо хирси ғазаболу боз ду хирси дигар ҳам зери чархи мошин мондаанд.
Кароли Пал ном сокини рустои Неауаи Трансилвани мегӯяд дар як шаб танҳо дар деҳаи худаш 22 хирсро шумор кардааст. «Ман ҳар ҷойе меравам, мешунавам, ки хирсҳо афзоиш кардаанд ва аз тарси онҳо сокинон наметавонанд ба корҳои кишоварзии худ машғул гарданд”,- мегӯяд Пал.
Чӯпони 69-сола Януш Сабо мегӯяд вақтҳои охир ҳифзи рама аз ҳамлаи хирсҳо мушкил шудааст. Танҳо ҳамин сол онҳо ду гӯсфанди рамаи маро захмӣ карданд. Ҳамаи чӯпонҳо аз хирсон ҷабр мебинанд.
Оё бояд ба шикорашон иҷозат дод?
Аксари сокинон мегӯянд хирсҳои бур замоне башиддат афзоиш карданд, ки соли 2016 давлат шикори онҳоро манъ кард. Моҳи сентябри соли равон парламони Руминия бори дигар ба муддати 5 сол шикори хирсҳоро иҷозат дод, аммо ин лоиҳаи қонун миёни муҳофизони ҳуқуқи ҳайвонот вокунишҳоеро ба бор овард.
Бештар аз 100 ҳазор сокинон ба Хазинаи умумиҷаҳонии ҳифзи олами вуҳуш нома навиштанд, ки ба амалӣ шудани ин қарор монеъ шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки хирси бур қатори 1200 ҳайвон ва рустанӣ дар ҳифзи Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад.