Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 6-7 ноябри соли равон дар ноҳияҳои ҷудогонаи кишвар туман мефарояд. Ҳарорати шабонаи доманакӯҳҳо то -3 дараҷа сард мешавад ва Агентии мегӯяд ҳарорати ин ду рӯз дар минтақаҳои кӯҳӣ барои чаронидани чорво номусоид аст.
6-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст, аммо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорат шабона 3+5°, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои ҳавои тағйирёбандаву бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0– 5° сард ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гардиш ба шарқ бо суръати 3-8 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 9+11° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, бебориши назаррас, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2 + 3°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2 - 7° сард, рӯзона 2+7° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона -1 + 1°, рӯзона 6+8° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда ва беборишоти назаррас. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10-12° сард, рӯзона 2+4° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3 +2°, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10 - 15° сард, рӯзона -1+4° гарм мешавад.
ш. Кӯлоб – Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои тағйрёбандаи бебориш. Шабона 4+6°, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб низ ҳавои тағйирёбанда, каме туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5°, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад ва шабона дар баландиҳои 1500 метр барф меояд, дар баъзе ноҳия туман низ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.