Маркази ҳавошиносии Австралия эълон кард, ки 17-уми декабри соли равон ин кишвар гармтарин рӯзро пушти сар гузошт. Дамои ҳаво тибқи ин гузориш ба то 40,9 дараҷа расид. Аммо дар баъзе нуқоти кишвар ҳаво то 46 дараҷа гарм шуд. Дар гузориш омадааст, ки то кунун гармтарин дамо 7-уми январи соли 2013 буд. Он рӯз ҳаво дар ин кишвар 43 дараҷа гарм шуда буд. Аммо ин манбаъ боз гуфтааст, ки рӯзҳои оянда эҳтимоли боз ҳам гармтар шудани ҳаво вуҷуд дорад.
Афзоши дамои ҳаво замоне гузориш мешавад, ки Австралия зарфи чандин рӯзи охир гирифтори оташсӯзиҳои азим дар ҷангалҳо будааст. Ҳавои гарму хушк боиси нигаронӣ дар мавриди густариши оташсӯзӣ низ шудааст.
Коршиносон мегӯянд аз даҳ маврид дамои ҳаво дар Австралия 9 маврид аз соли 2005 ба ин сӯ сабт шуда, ки эҳтимол бо гармоиши замин иртибот дорад.
Гуфтанист, ки дар Австралия хеле ба зудӣ тобистон оғоз мешавад ва ҳавошиносон барои ин кишвар як тобистони гарму хушкро пешбинӣ мекунанд.
То ин шабу рӯз мақомот аз алангаи оташ дар наздик ба 400 ҳазор гектар ҷангал дар боғҳои миллии Кӯҳҳои сабз хабар доданд. Гуфта мешавад, ки забонаи оташ ба хонаҳои истиқоматӣ наздик мешавад, эҳтимол дорад сокинони панҷ ноҳияи наздик ба он воқеъ дар Уэлси Ҷанубӣ ба макони амн интиқол дода шаванд. Дар ин минтақаҳо рафтан ба ҷангалро манъ кардаанд.
Сӯхторхомӯшкунандагон шабу рӯз кор мекунанд. Вале дамои ҳаво ба ҳаддест, ки кори хомӯш кардани оташро душвор месозад.