Activities calendar

07 декабря 2019

Фаронса дар тақвияти зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҳамкориҳои худ идома медиҳад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтидор ва зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад. Хонум Ясмин Гуедар ин суханонро дар мулоқоташ бо генерал-лейтенант Рустам Назарзода – Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон овард.

Имдодгарони Рашт соҳиби таҷҳизоти нави наҷот шуданд (ВИДЕО)

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт соҳиби як силсила таҷҳизоти наҷот шуд. Ин кумакҳо дар доираи барномаҳои ҳамкориҳои мутақобила миёни Кумита ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои Кумита дар роҳандозии корҳои наҷот амалӣ гардид. Маросими таҳвили таҷҳизот рӯзе қабл доир шуда буд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

Ин ҷаласа дирӯз баргузор шуд ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия кулли фаъолияти худ дар соли 2019-ро ҷамъбаст намуд. Дар ҷаласа Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия, ҷонишини раиси комиссия-сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин намояндагони хадамоти гуногун – аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ширкат карданд.

Берун овардани ҷасади марди 67-сола аз ҳавзи моҳидории Конибодом

Як сокини шаҳри Конибодом дар ҳавзи моҳипарварии ҶСК “Бодом” ғарқ шудааст. Соати 11:41 дақиқаи рӯзи ҷумъа, 6-уми декабри соли равон аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом дар бораи ин ҳодиса ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Баъди дарёфти ин маълумот сардори бахши ҳолатҳои фавқулодда бо чанд тан аз наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Аз ҳавз ҷасади марди ношиносро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Сивуяк сол пеш аз ин: Заминларзаи Спитак беш аз 25 ҳазор нафарро ҳалок кард

Заминларзаи Спитак дар таърих ба номи заминларзаи Арманистон ё  Ленинакан низ маъруф аст. Зеро таърихи ин кишвар аз қадим то ба ин айём чунин такони шадиди харобиовари заминро ёд надошт. Ягон сарчашмаи таърихӣ маълумоти муфассале аз ягон заминларзаи ба ин ҳад харобкор дар ин қаламрави ҳикоят накардааст.

Ва боз: Дар бартараф сохтани оқибатҳои он сокинони Тоҷикистон низ бо ирсоли кумакҳои фаврӣ саҳм гирифтаанд.