Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтидор ва зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад. Хонум Ясмин Гуедар ин суханонро дар мулоқоташ бо генерал-лейтенант Рустам Назарзода – Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забон овард.
Ҷамъбасти фаъолиятҳои муштарак ва дурнамои рушд дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баррасӣ гардид. Дар ин мулоқот ҳамчунин Намояндаи низомӣ ҷаноби Грегори Вино иштирок дошт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба гузаштаи ҳамкориҳои мутақобила дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ назар андохтанд ва аз тақвими ҳамкориҳои оянда дар ин замина сухан ронданд.
Ду ҷониб ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳоро мусбат арзёбӣ намуданд. Раиси Кумита Рустам Назарзода зикр намуд, ки ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо миёни КҲФ ва хадамоти дахлдори Ҷумҳурии Фаронса ба як ҳамкориии доимиву ҳамешагӣ табдил шудааст.
Дар ҷараёни ин мулоқот ду ҷониб дар бораи тарҳҳои муштарак дар тақвият ҳамкориҳо дар раванди омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ва беҳтар кардани иқтидори техникии КҲФ изҳори назар намуданд.