Пурқурбонитарин обхезиҳои олам
Чоп шуд: 11/12/2019 | admin![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/%D1%80%D0%B5%D0%BA%D0%B02.jpg?itok=-Sjj3scc)
Обхезӣ низ аз ҷумлаи офати табиист, ки ногаҳон сар мезанад ва таърихи башар хеле зиёд обхезиҳоеро ёд дорад, ки ҷони миллионҳо нафарро гирифтаанд, миллионҳо хона, шаҳру рустоҳо зери об мондаанд. Бар асари ин офати табиӣ дар ҳолатҳое зиндагӣ дар минтақае комилан қатъ шуда, чун сокинонаш зери об мондаанд ва ё рӯ ба фирор овардаанд ва об хонаву кошонаи онҳоро зер кардааст.