Анҷоми омӯзиши навбатӣ барои равоншиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Давраи омӯзиши якҳафтинаи такмили ихтисос барои кормандони хадамоти равоншиносии КҲФ дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дар он 8 нафар мутахассисон аз ҳама минтақаҳои кишвар ширкат намуданд.  Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.

Ҳадафи аслӣ омӯзиши равоншиносон барои расонидани кумакҳои равоншиносии фаврӣ ба зарардидагон дар офатҳои табиӣ, ташкили чорабиниҳое буд, ки ба суботи иҷтимоӣ-психологӣ дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода мусоидат мекунанд. Ҳамчунин дар ҷараёни  омӯзиш равоншиносон бо мавзуъи пешгирӣ аз зуҳури оқибатҳои манфии иҷтимоӣ-психологии зарардидагон ва ширкаткунандагони бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода шинос шуданд. 

Дар поёни омӯзиш иштирокдорони он соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

барчасп: