Activities calendar

22 декабря 2019

Сардори Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ - кӯҳӣ дар шаҳри Норак Шарипов Мирзошариф Хушвахтович

Бо дарназардошти аҳамияти чорабиниҳои пешгирикунанда ва огоҳкунанда дар иншооти фаъол дар ҳайати ташкилотҳои системаи Кумита ҳамчунин Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳри Норак (минбаъд Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Норак) дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар барои хизматрасонӣ дар сохтмон ва истифодабарии нақбу туннелҳои иншоотҳои гидротехникию нақлиётӣ фаъолият менамояд.

Сардори Беморхонаи ҳарбии КҲФ ва МГ полковник Каримов Асомиддин Сафаралиевич

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017,       №547 беморхонаи ҳарбӣ ва комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ аз ҳайати Раёсати тиббӣ бароварда шуда, ба ҳайати ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита дохил гардид.

Сардори Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ–радиометрӣ полковник Стотский Дмитрий Франсевич

Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқлуодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали солҳои 60-уми асри 20 то ҳоло фаъолият намуда истода, дар он вақт ҳамчун Озмоишгоҳи кимиёвӣ-радиатсионии Ситоди мудофиаи граждании РСС Тоҷикистон ба њисоб мерафт.

Садори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии КҲФ ва МГ

Курсҳои ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999, № 1239 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 1999, № 294 ба Маркази таълимию-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ номгузорӣ гардида, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 ба Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Сардори Хадамоти зидди жолаи КҲФ ва МГ полковник Раҳматзода Саидаҳмад Раҳмат

Бо мақсади ба ҳам наздик будани фаъолияти соҳавӣ, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 апрели соли 2012, № 152 Сарраёсати таъсиррасонии    фаъол   ба     ҷараёнҳои метеорологӣ аз сохтори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузар

Сардори Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Бо мақсади ташкил намудани ҳамоҳангсозӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб,  инчунин ба роҳ мондани идораи муташаккилона ва саривақтии фаъолияти фаврӣ, беҳтар намудани мутобиқати амалҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ, техногенӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 Шуъбаи Кумита дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таъсис дода шуд. То қабули қарори мазкур, Шуъба бо номи Ситоди минтақаи Кулоб дар ҳайати Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб мерафт.

РАЁСАТИ КҲФ ВА МГ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе саҳифаҳои таърихии худро аз соли 1977 оғоз намудааст. Дар ин давра яъне аз 1 июли соли 1977 бо қарори Савети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ин сохтор фаъолияташро то соли 1994 идома дод.

РАЁСАТИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд то давраи такмили сохтори давлатӣ Ситоди мудофиаи мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ба ҳисоб рафта, бо Фармоиши Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1971 таъсис дода шуда буд.

То соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи граждании вилояти Ленинободро подполковник Лазунов Г.И. роҳбарӣ мекард.

РАЁСАТИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Заминаи таъсисёбӣ ва рушди Мақомоти мудофиаи граждании вилояти Хатлон се марҳилаи таърихиро дар бар мегирад, ки ин ташкили Ситоди мудофиаи граждании вилояти Қурғонтеппа бо Фармони Совети Вазирони РСС Тоҷикистон  аз соли 1978, дар доираи такмили сохтор ва таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 табдили Ситоди мудофиаи граждании вилоят ба Ситод оид ба  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ва инчунин марҳилаи нави мақомоти мудофиаи граждании вилоят дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

РАЁСАТИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОЛДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Саҳифаҳои таърихии Мақомоти мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз соли 1958 оғоз намуда, ин сохтор фаъолияташро то соли 1994 идома дод.

Дар он давра сохтори мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мудофиаи зиддиҳавоӣ (МПВО), ки яке аз намудҳои Кувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб мерафт ва барои иҷрои чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои асосӣ аз зарбаи ҳавоии душман ва бурдани корҳои наҷотдиҳӣ дар қаламрави давлат фаъолият мекард.

Сардори Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез полковник Аюбзода Эроншо Гулаёз

Дар асоси Протоколи ҷаласаи назди муовини аввали Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Точикистон аз 17 январи 1992, №3 бо мақсади дар оянда идома додани фаъолияти системаи хабардоркунии кӯли Сарез, Раёсати истифодабарии системаи «Усой» ба сохтори Ситоди мудофиаи граждании  Ҷумҳурии Точикистон дохил карда шуд.

Сардори Раёсат полковник Назарзода Зоиршо Хоркаш

Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита ҳамқадами Кумита буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 «Дар бораи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва корҳои мудофиаи граждании назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил гардида аст.

Сардори Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳӣ полковник Қурбонзода Изатулло Акмал

Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 баъд аз таъсис додани Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи наҷотдиҳӣ ба Маркази таъиноти махсус оид ба гузаронидани амалиётҳои дорои хавфи баланд, «Маркази наҷотдиҳӣ» табдил дода шуд.

Сардори Шуъбаи кор бо ҷомеа подполковник Юсуфӣ Умеда Нормуҳаммад

Бо мақсади самаранок ва ҳарчӣ зудтар хабардоркунии ҷомеа оид ба ҳодисаҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ ё рухдода, таъмини бехатарии аҳолӣ ва ҳудуд, инчунин тарғибот дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, мусоидат ва мутобиқшавӣ ба ҳолатҳои фавқулодда,  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017, №547 “Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сохтори Кумита Шуъбаи кор бо ҷом

Сардори Шуъбаи ҳуқуқ майор Исозода Абдураҳим Рустам

Вазифаҳои асосии Шуъба:

- расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳайати шахсии Кумита;

- додани маслиҳат, хулоса ва маълумотнома оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар фаъолияти Кумита;

Сардори Марказ

Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Нуқтаи идоракунии ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ ташкил шуда, соли 1993 ҳамчун марказ, баъдан раёсат ва Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва соли 2005 ба Маркази ҷумҳуриявии идораи мудофиаи граждании Кумита табдил дода шуд.

Сардори Раёсати тиббӣ полковники х/т Шарипов Саъдулло Раҳматуллоевич

Раёсати тиббӣ ҳамчун воҳиди асосии назоратии Кумита, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ, ташкил ва гузаронидани чорабинихо оид ба ҳифзи саломатии ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омузиши сабабҳо ва шароитҳои пайдошавию инкишофи беморӣ, осеббардорӣ ва таҳияи чорабиниҳоро доир ба пешгирии онҳо, ба роҳ мемонанд.

Сардори Раёсат полковник Ғафурзода Аҳлиддин Саидмурод

Раёсати молия ва иқтисоди Кумита яке аз раёсатҳои асосии Кумита ба шумор рафта, низоми ягонаи молиявии давлатиро дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, хароҷоти маблағгузорӣ ва идоракунии молу мулки давлатиро дар Кумита амалӣ месозад. Аз рӯзи ташкилшавии Кумита шуъбаи молия ва тафтишот таъсис дода шуда, соли 1997 ба Раёсати молия  ва тафтишот тағйири ном кардааст.

Сардори Раёсат подполковник Раҳимзода Аъзам Имониддин

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999, №479 шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун як ҷузъи сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сардори Раёсат полковник Аҳмадзода Музаффар Баҳром

Тибқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400  дар сохтори Дастгоҳи Марказии Куми­та,  Шуъбаи кадрҳо ташкил гардид.

Соли 1999 шуъба ба Раёсати кадрҳо ва кор бор ҳайати шахсӣ дар ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Сардори Раёсат полковник Фарзони Иброҳими Собир

Аз соли 1994 баъд аз таъсис ёфтани Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо оид ба сохтмон ба зиммаи шуъбаи муҳандисию техникии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд вогузор гардида буд.

Сардори Раёсати қӯшунҳо полковник Давлатзода Саидҷон Давлат

Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ки дар вазорату идораҳо, ташкилотҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, иборат мебошанд.

Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Камолзода Ҷамшед Ҷамол, номзади илмҳои техникӣ

Тибқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400  дар сохтори Дастгоҳи марказии Куми­та,  Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ташкил гардид.

Сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ полковник Вализода Хуршед Вали

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ ба Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон табдил дода шуд.

Сарраёсати мудофиаи гражданӣ аз  ду раёсат: Раёсати ташкилию оперативӣ  ва Раёсати ташкилию сафарбарӣ иборат мебошад.

Роҳбари Дастгоҳи Раис полковник Ташрифӣ Алишер Хоҷа

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2017, №547 “Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Раёсати корҳо ва нашрия"-и Кумита ба Дастгоҳи Раиси Кумита табдил дода шуд.