Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд то давраи такмили сохтори давлатӣ Ситоди мудофиаи мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ба ҳисоб рафта, бо Фармоиши Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1971 таъсис дода шуда буд.
То соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи граждании вилояти Ленинободро подполковник Лазунов Г.И. роҳбарӣ мекард.
Аз давраи таъсисёбии Ситоди мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ба зиммаи ӯ вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои хоҷагии халқ аз ҳуҷуми ногаҳонии душман бо истифода аз яроқи қатли ом, оқибати садамаҳои истеҳсолӣ ва фалокатҳо ва барқарорсозӣ вогузор карда шуда, дар баробари ин, масъалаи таъсиси низоми нави ягонаи давлатӣ, ки баҳри тайёрии пешакӣ ҷиҳати фаъолият намудан дар шароитҳои душвор ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи садамаҳои калон, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ баамал меоянд, ба миён омад.
Дар асоси қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 августи соли 1994, №400 Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар доираи такмили сохтор Ситоди мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ба Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Ленинобод табдил дода шуд.
Соли 2000 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Ленинобод ба вилояти Суғд номгузорӣ гардида, дар навбати худ Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ба Ситоди вилояти Суғд табдил дода шуда, солњои 2001-2003 фазифаи сардори Ситодро полковник Cироҷиддинов Наҷмиддин ба ӯҳда дошт.
Ситоди вилоятро солҳои 2003-2006 полковник Ноибов Маҳмадалӣ Якимович, аз соли 2006 то соли 2010 полковник Додиён Баҳром Одина, солҳои 2010-2012 подполковник Исмоилов Исмоил Мӯминҷонович рохбарӣ мекарданд.
Дар давраи соҳибистиқлоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Ленинободро сардорони пуртаҷриба ва болаёқат, аз ҷумла аз соли 1994 то 1995 полковник Пивнов Александр Михайлович, солҳои 1995-1996 генерал-майор Кенҷаев Алберт Касимович, аз соли 1996 то 2000 генерал-майор Мамаҷонов Муминҷон Мамаҷонович роҳбарӣ намуданд.
Роҳбарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар давраи Истиқлолият
Фаъолияти рӯзмараи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд
Аз соли 2012 то инҷониб роҳбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба зимаи полковник Додиён Баҳром Одина вогузор гардидааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд табдил дода шуд.
Раёсат дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ, ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди вилоят аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд.
Дар тӯли солҳои фаъолият Раёсати вилояти Суғд ва сохторҳои таркибии он баҳри бартарафсозии оқибатҳои офати табии ва садамаҳое, ки дар миқёси вилоят рух додаанд, дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят, шаҳру ноҳияҳо дар муайян намудани ҳаҷм ва маблағи зарар, инчунин пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии офати табиӣ ба Кумита ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми худро мегузоранд.
Дар заминаи Раёсат соли 1997 Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят таъсис дода шуда, дар ин муддат бо дастгриии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастаи мазкур бо техника ва таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ таҷҳизонида шудааст.
Раёсати вилоят аз шуъбаҳо, бахшҳои ноҳиявӣ, Маркази таълимӣ-методӣ ва шуъбаҳои мухталиф иборат мебошад, ки ҳар яки онҳо дар пешрафти соҳа, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар фаъолияти Раёсат нақши асосиро шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ, шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, Маркази таълимӣ-методӣ ва дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят мебозад, зеро маҳз масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, чорабиниҳои пешгирӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, тайёрӣ ва омӯзонидани тахассусҳои гуногуни аҳолӣ, инчунин корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бар души ин шуъбаҳо вогузор шудааст.
Шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд то ташкилёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар штати Ситоди мудофиаи граждании вилояти Ленинобод ҳамчун шуъбаи оперативӣ фаъолият менамуд.
Шуъбаи мазкур сохтори асосии мутобиқсози кори шуъбаҳои Раёсат, бахшу шуъбаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят дар шаҳру ноҳияҳо, кумитаҳои давлатӣ, раёсатҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва дигар ташкилоту идораҳои вилояти Суғд мебошад.
Шуъба ҳамасола тасҳеҳ намудани нақшаи мудофиаи граждании вилоят ва нақшаи ҳамкорӣ бо мақомотҳои идоракунии ҳарбиро ташкил менамояд.
Дар баробари, ба зиммаи шуъба назорати иҷроиши саривақтии чорабиниҳо баҳри ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби мақомотҳои роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, бахшу шуъбаҳои раёсати Кумита дар шаҳру ноҳияҳо, хадамотҳои мудофиаи граждании вилоят вогузор гардидааст.
Банақшагирӣ, гузаронидани тафтишҳои нақшавӣ ва ногаҳонии ҳолати мудофиаи гражданӣ, тайёрӣ, омӯзиш, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди минтақаҳои вилоят, омодагии ҷангӣ, сафарбарии бахшу шуъбаҳои раёсати Кумита дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеъияташон ба ӯҳдаи шуъба вогузор карда шудааст.
Шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати вилояти Суғд
Маркази таълимӣ-методии Раёсати вилояти Суғд
Дар ин давра, аз ҷониби шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда солҳои 2013-2019, 55 маротиба машқҳои мудофиаи гражданӣ, аз ҷумла 13 адад машқи мукаммал, 12 адад машқи фармондењӣ-ситодӣ, 13 адад машқи ситодӣ ва 17 адад машқи тактикии махсус гузаронида шудааст.
Шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд баҳри таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда пешбинӣ гардида, фаъолияти он дар самти ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсия, ҳифзи радиатсионӣ кимиёвӣ, ҳифзи тиббию биологӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он равона шудааст.
Дар давоми фаъолият мутахассисони шуъба дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рух дода, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ, Спитамен, Шаҳристон, Ашт ва Исфара иштирок намудаанд.
Дар 10 соли сипарӣ гашта аз ҷониби шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд 114 чорабиниҳо баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.
Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши зуҳуроти хатарҳо ташкили омӯзиши аҳолӣ, омода намудани шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда ва дастаҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ барои фаъолиятҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда кафили таъмини бехатарии ҷамъият ва давлат, муҳофизати аҳолӣ, қаламрав ва иншооти иқтисодӣ мебошад.
Бо ин маҷсад дар заминаи Раёсати вилояти Суғд Маркази таълимӣ-методӣ фаъолият намуда, муассисаи доимо амалкунандаи таълимии Раёсат ба ҳисоб меравад. Асоси фаъолияти Марказ баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати роҳбарикунанда, сардорону фармондеҳон ва дигар тахассусҳои аҳолӣ ҷиҳати идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва пешбурди корҳои мудофиаи гражданӣ иборат мебошад. Қабули шунавандагон ба Марказ дар асоси нақшаи пуррагардонии шунавандагон, ки бо қарори Раиси вилоят тасдиқ намудааст, амалӣ карда мешавад. Ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи дараҷаҳо ба омӯзиш фаро гирифта шуда, тибқи барномаи амалкунандаи омӯзишӣ мувофиқи тахассусҳо даъват карда шуда, дар рафти машғулиятҳо шунавандагон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ шинос гардида, нисбати таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, роҳҳои афзалиятноки пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро меомӯзанд.
Дар вилояти Суғд ғайр аз Маркази таълимӣ-методӣ боз ду Курсҳои байниноҳиявӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Айнӣ таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо барои омӯзонидан ва тайёр намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Шаҳристон, Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ равона гардидааст.
Қисми муҳими ҷараёни таълимӣ дар Маркази таълими-методӣ машғулияти таълимӣ мебошад, ки дар рафти он шунавандагон дониши назариявии худро васеъ ва маҳорати худро оиди иҷрои вазифаи ба зимаашон гузошташуда коркард менамоянд.
Дар маҷмӯъ солҳои 2009-2018 дар вилояти Суғд дар курсҳои омӯзишии маркази таълимӣ-методӣ 34451 нафар шунавандагон, аз ҷумла шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда, ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ, инчунин кормандон ва хизматчиёни иншоотҳои иқтисодӣ таҳсил намуданд.
Ҳайати шахсии Маркази таълимӣ-методӣ мунтазам кӯшиш менамоянд, то дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда баланд бардошта шавад.
Бо мақсади ба танзим даровардани низоми идоракунӣ, ташкили огоҳкунии мақомотҳои дахлдор ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бурдани назорат аз болои ташкили кори воситаҳои дахлдори огоҳсозии маҳаллӣ аз соли 2017 дар Раёсати вилояти Суғд Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ таъсис дода шуда, он ҳамчун мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи Низоми ягонаи
Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии вилояти Суғд
Фаъолияти Дастаи махсуси кофтуковӣ-наҷотдиҳии вилояти Суғд
давлатии вилоят оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият намуда истодааст.
Дар робита бо афзоиши мунтазами вазъияти ҳолатҳои фавқулодда, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироӣ, ташкили мубодилаи иттилоотӣ байни мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту идораҳо ва хадамотҳои вилоят, фаъолияти афзалиятноки Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ мебошад.
Марказ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва сари вақт хабардор намудани аҳолӣ, инчунин таъмини алоқаи доимӣ бо мақомотҳои болоӣ ва сохторҳои тобеъ масъул мебошад.
Дар Раёсати вилоят ва бахшу шуъбаҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ки зери таҳдиди зериобмонии обанбори Қайроққум қарор доранд, 19 адад мухобираҳои намуди УКВ «Icom», 2 адад мухобираҳои намуди КВ «Icom» ва 1 адад репитор бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва истгоҳи барқии офтобӣ васл карда шудаанд. Дар доираи Барномаҳои алоҳида дарсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ дар ҷойҳо бо иштироки раисони ҷамоатҳо, маҳалҳо, аъзоёни комиссияҳои эвакуатсионӣ давра ба давра гузаронида мешаванд.
Дар баробари ин, дар Раёсати вилоят як маҷмӯъ таҷҳизоти «МИНИ АТС» бо 16 адад телефони корӣ ва бо барномаи Drag net барои хабардоркунии аҳолӣ васл карда шудааст, ки барои сари вақт дастрас намудани маълумотҳо ва коркарди он мусоидат менамояд. Баҳри пешбурди соҳа ва сари вақт пешниҳод намудани маълумотҳои фаврӣ тариқи электронӣ нуқтаи идоракунӣ бо шабакаҳои интернетӣ пайваст карда шудааст.
Яке аз сохторҳои асосии Раёсат, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд мебошад, ки фаъолияти он барои иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулоддаву офати табиӣ ва инчунин фалокату садамаҳо равона гардидааст.
Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ӯҳдадориҳои худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вилоят ва хадамотҳои наҷотдиҳии ташкилоту муассисаҳои гуногун, инчунин сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардонад.
Ҳайати шахсии Даста аз 22 нафар наҷотдиҳанда иборат буда, онҳо аз аттестатсия гузашта, дорои дараҷаҳои 1, 2 ва 3-юми наҷотдиҳӣ мебошанд.
Дар давоми фаъолияти худ наҷотдиҳандагони Дастаи вилояти Суғд курсҳои ғаввосӣ, кӯҳнавардӣ, кинологӣ, безараргардонии ҳудуд аз моддаҳои тарканда ва тартиби расонидани ёрии аввали тиббиро хатм намудаанд.
Дар баробари ин, ҳайати шахсии Даста дар давоми 5 соли охир дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол намудаанд. Дар давоми солҳои 2009-2014 дар 5 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии бисёрҳарбии наҷотдиҳандагони касбӣ иштирок намуда, дар 4 мусобиқа ҷойи аввалро ишғол намудаанд. Бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита наҷотдиҳандагони Даста дар мусобиқҳои сатҳи байналмиллалии «КАЗПАС», машқҳо байни дастаҳои наҷотдиҳии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арманистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон иштирок намудаанд.
Ҳайати шахсии Даста дар чандин садамаҳои нақлиётӣ, ҳодисаи сӯхтор, баровардани ҷасадҳо аз зери тарма, сел ва инчунин наҷотдиҳии шаҳрвандон аз ғарқшавӣ, баровардани ҷасадҳои ғарқшудагон ва дигар амалиётҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ иштирок намудаанд.
Дар давраи фаъолият аз солҳои 2012-2019 дастаи наҷотдиҳии вилояти Суғд зиёда аз 667 маротиба барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ сафарбар гардида, 118 нафар шаҳрвандон наҷот дода шудаанд.
Айни замон Раёст имконият дорад, ки дар ҳама шароити мураккаби табиат наҷотдиҳандагонро барои гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ сафарбар намояд.
Аз давраи таъсисёбӣ то ҳол ҷиҳати такмил додани заминаи моддӣ- техникии Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ аз ҳисоби буҷети вилоят дар 27 соли соҳибистиқлолӣ, хусусан аз соли 2000 то инҷониб нуфузи Раёсат дар байни дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз лиҳози техника ва таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ назаррас мебошад.
Дар баробари ин, барои наҷотдиҳандагон баҳри иҷрои ӯҳдадории вазифавӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳукумати вилоят барои такмил ва мукаммалсозии низоми ягонаи мақомоти идоракунии фаврӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда диққати махсус медиҳад.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд солҳои 2010-2018 ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии Раёсати вилоятӣ техникаҳои махсуси кофтуковию наҷотдиҳӣ ва таҷҳизотҳои зарурӣ харидорӣ шудааст.
Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят шуъба ва бахшҳои Раёсат таъсис дода шудааст, ки фаъолияти рӯзмараро оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва пешбурди мудофиаи гражданӣ амалӣ сохта, маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.
Дар давоми солҳои фаъолият ҳайати шахсии Раёсати вилоят дар бартарафкунии садамаҳо ва ҳодисаҳои фавқулоддаи калонҳаҷм иштирок намуданд. Аз ҷумла:
- соли 1998 дар бартараф намудани садама ва баровардани ҳалокшудагон ва анҷом додани корҳои ҷустуҷӯӣ ҳангоми ба садама дучор гардидани қатораи Андиҷон-Тошканд дар назди истгоҳи роҳи оҳани Қарачиқуми ноҳияи Конибодом;
- соли 1998 дар безараргардонии моддаҳои тарканда дар мавзеъҳои аҳолинишини шаҳри Хуҷанд баъд аз ҳуҷуми ногаҳонии дастаҳои хоини миллат Маҳмуд Худойбердиев;
- соли 1999 дар бартарафкунии оқибатҳои омадани сел дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт;
- солҳои 2002-2003 дар кӯчонидани аҳолии деҳаи Вашан ва Ревати ноҳияи Айнӣ, деҳаи Дашти Кони ноҳияи Ғончӣ ва Дашти Қозии ноҳияи Панҷакент аз минтақаҳои хавфнок ба минтақаи бехавф;
- соли 2005 дар кӯчонидани қисми аҳолии аз ҳодисаи фавқулодда зарардидаи ҷамоати Шинги ноҳияи Панҷакент ба маҳалли навбунёди Саразми ноҳия;
- соли 2008 дар бартарафкунии оқибатҳои омадани сел дар ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт;
- соли 2013 дар бартарафкунии садамаи тайёраи Москва-Хуҷанд дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд;
- соли 2016 дар бартарафкунии оқибатҳои омадани сел дар шаҳри Панҷакент;
- соли 2016 дар бартарафкунии оқибатҳои омадани сел дар ноҳияи Айнӣ;
- соли 2016 дар бартарафкунии оқибатҳои омадани сел дар шаҳри Исфара;
- соли 2018 дар бартарафкунии оқибатҳои шамоли сахт дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, ноҳияҳои Ашт ва Зафаробод;
- соли 2019 дар бартарафкунии оқибатҳои омадани сел дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом.
Пешрафти соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар оянда низ боз ҳам ривоҷу равнақ меёбад.