РАЁСАТИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОЛДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Саҳифаҳои таърихии Мақомоти мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз соли 1958 оғоз намуда, ин сохтор фаъолияташро то соли 1994 идома дод.

Дар он давра сохтори мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мудофиаи зиддиҳавоӣ (МПВО), ки яке аз намудҳои Кувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб мерафт ва барои иҷрои чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои асосӣ аз зарбаи ҳавоии душман ва бурдани корҳои наҷотдиҳӣ дар қаламрави давлат фаъолият мекард.

Аз давраи таъсисёбии Ситоди мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зиммаи ў вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои хоҷагии халқ аз оқибати садама, фалокат, офати табиӣ, гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва барҷарорсозӣ вогузор карда шуд. Дар ин ҷода, масъалаи таъсиси низоми нави ягонаи давлатӣ, ки баҳри тайёрии пешакӣ ҷиҳати фаъолият намудан дар шароитҳои душвор ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи садамаҳои калон, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ ба амал меоянд, ба миён омад.

Дар асоси қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, № 400 Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар доираи такмили сохтор Ситоди мудофиаи граждании вилоят ба Ситод оид ба  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табдил дода шуд.          

Марҳилаи  ислоҳоти Раёсати вилоят бо таъсис ёфтани Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рост омада, такмилу ташаккули он асосан бо ташкил шудани Вазорат ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Аз ҳамон давра фаъолияти Ситод ба рушди соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда равона гардида, дар муддати кўтоҳ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда аз нав таҳия ва тасдиқ гардиданд.

 

Роҳбарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон дар давраи Истиқлолият

 

 

Фаъолияти рўзмараи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон

Дар давоми фаъолият Ситод ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил     гашта,     бањри     ташаккул    ва пешравии соња чорањои зарурӣ андешидааст.    

Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Ситод, инчунин васеъ намудани вазифаҳо, ваколатҳо ва ҳуқуқҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017,        № 547  «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сохтори штатии Ситод тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар ВМКБ табдил дода шуд.

Дар доираи такмили сохтор, Курсҳо ба Маркази таълимӣ-методӣ ва ситодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба шуъбаю бахшҳо табдил дода шуданд.

Ин имконият дод, ки воҳидҳои штатии шуъбаю бахшҳои Раёсат, инчунин бахшҳои ноҳияҳо зиёд гардида, ба ҳаҷм ва сифати иҷрои вазифаҳои соҳавӣ дар самти корҳои фаврӣ, омодасозии аҳолӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ оид ба ҳолати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда мусоидат намояд.

Раёсат дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ, ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди вилоят аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд.

Раёсати ВМКБ аз шуъбаҳо, бахшҳои ноҳиявӣ, Маркази таълимӣ-методӣ, Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ва шуъбаҳои мухталиф иборат мебошад, ки ҳар яки онҳо дар пешрафти соҳа ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда саҳми худро гузошта истодаанд.

Теъдоди кормандони касбии мудофиаи гражданӣ ба 83 нафар расида, дар шаҳру ноҳияҳо шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсат бо теъдоди то 3-4 нафар корманд ташкил ёфтанд.

Дар фаъолияти Раёсат нақши асосиро шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ, шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, Маркази таълимӣ-методӣ мебозад, зеро маҳз масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, чорабиниҳои пешгирӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, тайёрӣ ва омўзонидани тахассусҳои гуногуни аҳолӣ бар души ин шуъбаҳо вогузор шудааст.

Фаъолияти шуьбаи оперативӣ ва сафарбарӣ, барои амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, омода ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомотҳои идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, низоми ягонаи идора, алоқа ва хабардоркунии аҳолӣ ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷангӣ равона гардидааст.

Солҳои 2009-2018 аз ҷониби шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда 314 маротиба машқҳои мудофиаи гражданӣ, аз ҷумла, 51 адад машқи мукаммал, 50 адад машқи фармондеҳӣ-ситодӣ, 108 адад машқи тактикии махсус ва 105 адад тамринҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шудааст.

Шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат фаъолиятро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷангӣ амалӣ менамояд.

Шуъба ҳамасола ташхис ва муоинаи мавзеъҳои  хавфнок ва минтақаҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои фавқулодда ба амал меоянд гузаронида, оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин ҳисоротҳои  расонидашуда ба аҳолӣ ва иқтисодиёти вилоят ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои чораҷӯӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумита саривақт пешниҳод менамояд.

 

Фаъолияти шўъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ

 

Фаъолияти шўъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд

Баҳри мақсаднок истифода кардани маблағҳо ва воситаҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои башардӯстона ҷудошуда назоратро таъмин менамояд. Санҷиши ҳолати иншоотҳои муҳофизатӣ ва воситаҳои ҳифзи фардиро дар мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо вилоят оид ба беҳтар гардонидани онҳо, пешниҳодҳо манзур намуда, ба ситодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар таҳия ва амалӣ гардондани маҷмӯи чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, чорабиниҳои муҳандисию-техникӣ, ҳифзи тиббию-биологӣ, ҳифзи кимёвию-радиатсионӣ ва чорабиниҳои эвакуатсионӣ ёриҳои методӣ мерасонад.

Солҳои 2009-2018 аз ҷониби шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд 400 чорабиниҳо баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.

Таҳлили омилҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, техногенӣ ва хусусияти низомидошта, мушаххасан талаб менамоянд, ки аҳолӣ ва ҳама сатҳҳои идора барои амал дар њолатњои фавќулодда омода бошанд.

Дар заминаи собиқ Ситоди вилоят аз соли 1961 Курсҳои мудофиаи гражданӣ  дар фаъолият намуда, баъд аз такмили сохтори Кумита оғоз аз соли 2017, дар заминаи  Курсҳо Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумита дар ВМКБ  ташкил  карда шуд.

Омӯзонидани ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, идораҳо, иншоотҳои иқтисодӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда мутобиқи нақшаҳои тасдиқшуда дар заминаи Маркази таълимӣ-методии Раёсат ташкил шуда буд.

Мақсади омӯзиш аз он вобастагӣ дорад, ки ҳама дараҷаҳо бояд меъёри зарурии маҳорату малакаи корбариро аз худ карда, имконияти  банақшагирии дурусти тадбирҳои огоҳкунӣ ва бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодда дошта бошанд.

Дар маҷмӯъ солҳои 2009-2018 дар вилоят дар курсҳои омӯзишии маркази таълимӣ-методӣ 10620 нафар шунавандагон, аз ҷумла шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда, ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ, инчунин кормандон ва хизматчиёни иншоотҳои иқтисодӣ таҳсил намуданд.       

Бо мақсади ба танзим даровардани низоми идоракунӣ, ташкили огоҳкунии мақомотҳои дахлдор ва иттилоотонии ақолӣ оид ба таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бурдани назорат аз болои ташкили кори воситаҳои дахлдори огоҳсозии маҳаллӣ аз соли 2017 дар Раёсати ВМКБ    Маркази идоракунии ҳолатҳои бўҳронӣ таъсис дода шуда, он ҳамчун мақомоти идоракунии ҳаррўзаи Низоми ягонаи давлатии вилоят оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият намуда истодааст.

Барои саривақт хабар намудани аҳолии дар мавзеҳои хатарнок ҷойгир буда ва дастрас намудани маълумотҳо оид ба вазъият аз деҳаҳои дурдасти вилоят  ки дар онҳо ягон намуди алоқа вуҷуд надорад, бо дастгирии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар 81 мавзеъ ва барои фаъолияти якҷояи сохторҳои қудратӣ бо кӯмаки сафорати ИМА 8 адад радиостансияҳои базавӣ ва 8 адад радиостансияҳои автомобилии  тамғаи «CODAN» дар Раёсат  ва сохторҳои он дар шаҳр ва ноҳияҳои ВМКБ васл карда шудаанд.

Истифодаи технологияҳои нав дар кори Марказ имкон медиҳад, ки ҳама навъҳои иттилоотро дар вақти воқеӣ бо истифода аз системаҳои гидротехникӣ ва технологияи мониторингӣ тибқи идораи тадқиқи масофавӣ амалӣ намоянд.

Дар робита бо афзоиши мунтазами вазъияти ҳолатҳои фавқулодда, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироӣ, ташкили мубодилаи иттилоотӣ байни мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту идораҳо ва хадамотҳои ВМКБ, фаъолияти афзалиятноки Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.

 

Фаъолияти Маркази таълимӣ-методӣ

 

Фаъолияти Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

Дар давоми фаъолияти Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳудуди вилоят қисми низомии 45065 Кумита фаъолият дошт, ки баъд аз чорабиниҳои ташкилӣ-штатӣ, ин сохтор барҳам дода шуда, дар заминаи Ситод ротаи зудамали наҷотдиҳии бо теъдоди 35 нафар сарбоз ва 16 нафар афсарон ва прапоршикҳо ташкил карда шуд.

Баъд аз такмили сохтори Кумита дар заминаи Ситоди вилоят Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он барои иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулоддаву офати табиӣ ва инчунин фалокату садамаҳо равона гардидааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ўҳдадориҳои худро дар ҳамкорӣ  бо хадамотҳои наҷотдиҳии ташкилоту муассисаҳои гуногун, инчунин сохторҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ амалӣ мегардонад.

Аз давраи таъсисёбӣ то ҳол бо мақсади такмил додани заминаи моддӣ- техникии Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ аз ҳисоби Кумита техника ва таҷҳизоти наҷотдиҳӣ дастрас гаардид.

Имрӯз дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат дорои мутахассисони дараҷаи баланди касбӣ буда, дар пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Дар баробари ин, барои наҷотдиҳандагон баҳри иҷрои ўҳдадории вазифавӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар давоми 5 соли фаъолият наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат дар ҳамаи корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ, бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ фаъолона иштирок намуданд.

Санаи 17 июли соли 2015 дар бартарафкунии офати табиӣ, фаромадани сел дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, санаи 7 декабри соли 2015 дар заминларзаи шадиди водии Бартанги ноҳияи Рўшон, санаи 8-9 июли 2016 дар бартарафкунии офати табиӣ, фаромадани сел дар ҷамоати Ширговади ноҳияи Дарвоз.

Наҷотдиҳандагони Раёсат дар пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳодисаҳои ѓайриоддӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафкунии оқибати офатҳои табиӣ саҳми худро гузоштаанд.

Дар давраи фаъолият аз солҳои 2015-2018 дастаи наҷотдиҳии Раёсати ВМКБ зиёда аз 125 маротиба барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ сафарбар гардида, 12 нафар шаҳрвандон наҷот дода шудаанд.

Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат дар машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ бо қўшунҳои гарнизони Хоруғ ва минтақаи мудофиаи ҳудудӣ бо ҷузъу томҳои Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Халқии Хитой «Ҳамкорӣ-2016, машқи муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо қўшунҳои гарнизони Хоруғ ва минтақаи мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Пойгоҳи 201-уми Федератсияи Россия ва машқи муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо қўшунҳои гарнизони Хоруғ ва минтақаи мудофиаи ҳудудӣ фаъолона иштирок намудаанд.

Ҳайати шахсии Раёсат вилоят тамоми кӯшишу ғайрати хешро дар иҷрои рисолати худ, яъне баҳри ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар, инчунин имдоду наҷоти мардум аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ равона намуда, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд.

 

Заминаи моддӣ-техникии Раёсати Кумита дар ВМКБ

 

Фаъолияти Дастаи махсуси зудамали садамавӣ-наҷотдиҳии ВМКБ