РАЁСАТИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Заминаи таъсисёбӣ ва рушди Мақомоти мудофиаи граждании вилояти Хатлон се марҳилаи таърихиро дар бар мегирад, ки ин ташкили Ситоди мудофиаи граждании вилояти Қурғонтеппа бо Фармони Совети Вазирони РСС Тоҷикистон  аз соли 1978, дар доираи такмили сохтор ва таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 табдили Ситоди мудофиаи граждании вилоят ба Ситод оид ба  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ва инчунин марҳилаи нави мақомоти мудофиаи граждании вилоят дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 амалӣ гардида, Ситоди вилоят ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон табдил дода шуд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ҳама марҳилаҳои фаъолият, баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди вилояти Хатлон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг саҳмгузор мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди вилоятро аз соли 1994 то 1995 подполковник Суходубов Сергей Александрович, солҳои 1995 то 2000 полковник  Ҳалимов Маҳмадулло Темурович, солҳои 2001-2006 полковник  Бозоров Шамсидин  Одинашоевич, аз соли  2006 то соли 2008 полковник Азанов Сайфраҳмон Шодиевич, солҳои 2008-2010 полковник Хушвахтов Абдусатор Ғаниевич, аз соли 2010 то соли 2015 майор  Шарифов Ҳотамшо Латипович роҳбарӣ мекарданд.    

Аз соли 2015 то 2021 подполковник Исозода Сулаймон Умар ҳамчун роҳбар кор ва фаъолият мекард.

Аз соли 2021 то инҷониб полковник Маҳмадзода Ҷамшед Бобохон бо ҳайси роҳбари Раёсати КҲФ-и Хатлон фаъолияти худро давом дода истодааст.

Аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ ва то имрӯз вазифаҳои омодасозии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодӣ, инчунин омодасозии маҷмӯи чорабиниҳои мудофиавии вилоят ба зиммаи Ситод ва минбаъд Раёсати Кумита дар  вилояти Хатлон вогузор карда шуда, фаъолияти Раёсати вилоят хусусан дар марҳилаи навин хеле назаррас мебошад.

 

Роҳбарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар давраи Истиқлолият

 

Фаъолияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Чунончи бо қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №547  «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтор ва низоми фаъолияти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон куллан дигаргун карда шуда, бо дарназардошти вазъи иқлимӣ, ҳудуд ва шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳои тобеъ, ҳайати шахсии кормандони шуъба ва бахшҳои Раёсати вилоят аз як нафар то ба се-чор нафар зиёд карда шуд, ки он ба беҳтар гардидани самаранокии фаъолияти соҳа мусоидат намуд.

Раёсати вилоят аз шуъбаҳо, бахшҳои ноҳиявӣ ва шуъбаҳои мухталиф иборат буда, нақши асосиро шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ, шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, Маркази таълимӣ-методӣ ва дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят    мебозад,   зеро  маҳз масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, чорабиниҳои   пешгирӣ,   ҳифзи  аҳолӣ   ва ҳудуд  аз   ҳолатҳои фавқулодда, тайёрӣ ва омӯзонидани тахассусҳои гуногуни аҳолӣ, инчунин корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бар дӯши ин шуъбаҳо вогузор шудааст.

Фаъолияти шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии вилоят аз  тасҳеҳи ҳамасолаи нақшаи мудофиаи граждании вилоят ва нақшаи ҳамкорӣ бо мақомотҳои идоракунанда оғоз мегардад. Илова бар ин шуъба ҳамасола Нақшаи солонаи чорабиниҳои асосии тайёрии оперативӣ ва ҷангии мудофиаи граждании вилоятро таҳия намуда, дар банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тайёрии оперативӣ ба бахшу шуъбаҳо ва хадамотҳои тобеъ ёрии амалию методӣ мерасонад.

Шуъбаи мазкур барои иҷроиши саривақтии чорабиниҳои нақшавии раёсат, шуъба ва бахшҳо, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои оид ба  соҳа  масъул  буда,   тартиби ташкил ва гузаронидани машқҳои мукаммал, фармондеҳӣ-ситодӣ, тамринҳои ситодӣ назорат менамояд.

Дар ин давра, аз ҷониби шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда солҳои 2010-2019, 1171 маротиба машқҳои мудофиаи гражданӣ, аз ҷумла 68 адад машқи мукаммал, 346 адад машқи фармондеҳӣ-ситодӣ, 375 адад машқи ситодӣ, 382 адад машқи тактикии махсус ва тамринҳои ситодӣ 78 адад гузаронида шудааст.

Шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат барои сари вақт пешгирӣ намудани хавфи сар задани офатҳои табиӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар замони осоишта ва ҷангӣ, эвакуатсияи аҳолӣ, ҳифзи радитсионӣ, тиббию биологӣ, инчунин таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ масъул буда, ҳайати шахсии шуъба мунтазам дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Хуросон, Панҷ, Восеъ ва Фархор рух доданд, фаъолона иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо Комиссия ҳолатҳои фавқулоддаи вилоятӣ фаъолияти қувва ва воситаҳоро ҳамоҳанг  намуда, тарзи дурустии баҳодии зарари офати табииро назорат мебарад.

Шуъба ҳамасола ташхис ва муоинаи мавзеъҳои  хавфнок ва минтақаҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои фавқулодда ба амал меоянд гузаронида, оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин хисоротҳои  расонидашуда ба аҳолӣ ва иқтисодиёти вилоят ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои чораҷӯӣ ба мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумита саривақт пешниҳод менамояд.    

Дар 10 соли сипарӣ гашта аз ҷониби шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд 567 чорабиниҳо баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.

Дар доираи такмили сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Курсҳои вилояти Хатлон ба Маркази таълимӣ-методии Раёсат табдил дода шуданд.

 

Шуъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсат

 

Шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат

 Маркази таълмӣ-методии Раёсати вилоят муассисаи таълимӣ буда, асоси фаъолияти он ба баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати роҳбарикунанда, сардорону фармондеҳон ва дигар тахассусҳои аҳолӣ ҷиҳати дар фавқулодда ва пешбурди корҳои мудофиаи гражданӣ ба шумор меравад.

Даъвати шунавандагон ба Маркази таълимӣ-методӣ дар асоси нақшаи  пуррагардонии шунавандагон, ки бо қарори Раиси вилоят тасдиқ карда мешавад, амалӣ гардида, ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи дараҷаҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Тибқи барномаҳои амалкунандаи омузишӣ мувофиқи тахассусҳо даъват карда  шуда, дар рафти машғулиятҳо шунавандагон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа шинос гардида, нисбати таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, роҳҳои афзалиятноки пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро меомӯзанд.

Дар маҷмӯъ солҳои 2010-2018 дар вилояти Хатлон дар курсҳои омӯзишии маркази таълимӣ-методӣ 17460 нафар шунавандагон, аз ҷумла шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда, ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ, инчунин кормандон ва хизматчиёни иншоотҳои иқтисодӣ таҳсил намуданд. 

Бо мақсади ба танзим даровардани низоми идоракунӣ, ташкили огоҳкунии мақомотҳои дахлдор ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бурдани назорат аз болои ташкили кори воситаҳои дахлдори огоҳсозии маҳаллӣ аз соли 2017 дар Раёсати вилояти Хатлон Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ таъсис дода шуда, он ҳамчун мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи Низоми ягонаи давлатии вилоят оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият намуда истодааст.

Вазифаҳое, ки марказ амалӣ менамояд асосан аз таҳияи нақшаи хабардоркунӣ ва алоқа, қабул ва сари вақт расонидани маълумотҳо ба шахсони дахлдор мебошад.

Ҳамкории шуъба бо хадамоти алоқа ва хабардоркунии вилоят зич ба роҳ монда шуда,      ҷиҳати    бо    алоқаи   устувор    ва доимӣ таъмин намудани ҳайати роҳбарикунандаи   вилоят,   сохторҳои зертобеъ ва аҳолӣ чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Бо мақсади таъмини алоқаи доимӣ бо Раёсати вилоят ва бахшу шуъбаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳое, ки таҳдиди зериобмонӣ доранд, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайхун, Панҷ, Шаҳритус, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ, Мӯъминобод, Ш. Шоҳин, Ховалинг ва дар қисмҳои ҳарбии 45989 ва 45085-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 адад мухобираҳои  намуди “CODAN” ва «Icom», ва 1 адад репитор бо таҷҳизотҳои антеннӣ ва истгоҳи барқии офтобӣ васл карда шудаанд. Баъди васл намудани таҷҳизотҳо дар ҷойҳо бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо,         аъзоёни          комиссияњои эвакуатсионӣ дарсҳо ва семинарҳои омузишӣ гузаронида шуда, дар баробари ин, дар Раёсати вилоят барои сари вақт дастрас намудани маълумотҳо барои коркард дар шуъбаҳо 13 адад мухобираҳои дастӣ барои хабардоркунии кормандон васл карда шудааст. Нуқтаи идоракунии Раёсат баҳри пешбурди фаъолияти соҳа ва сари вақт пешниҳод намудани маълумотҳои фаврӣ тариқи электронӣ бо шабакаҳои интернетӣ пайваст карда шудааст.

Дар доираи такмили сохтори Раёсати вилоят ситодҳои шаҳру ноҳияҳои Раёсат ба шуъбаю бахшҳо табдил дода шуданд.

Ин имконият дод, ки воҳидҳои штатии шуъбаю бахшҳои Раёсат, инчунин бахшҳои ноҳияҳо зиёд гардида, ба ҳаҷм ва сифати иҷрои вазифаҳои соҳавӣ дар самти корҳои фаврӣ, омодасозии аҳолӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат намояд.

Яке аз сохторҳои асосии Раёсат, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят мебошад, ки фаъолияти он барои иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии дорои хавфи баланд ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулоддаву офати табиӣ ва инчунин фалокату садамаҳо равона гардидааст.

 

Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

 

Маркази таълимӣ-методии Раёсат

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ӯҳдадориҳои худро дар ҳамкорӣ  бо хадамотҳои наҷотдиҳии ташкилоту муассисаҳои гуногун, инчунин сохторҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ мегардонад.

Аз давраи таъсисёбӣ то ҳол бо мақсади такмил додани заминаи моддӣ- техникии Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ аз ҳисоби Кумита техника ва таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ дастрас гаардидаанд.

Имрӯз дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат дорои мутахассисони дараҷаи баланди касбӣ буда, дар пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Дар баробари ин, барои наҷотдиҳандагон баҳри иҷрои ӯҳдадории вазифавӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳайати  шахсии Даста дар чандин садамаҳои нақлиётӣ, ҳодисаи сӯхтор, баровардани ҷасадҳо аз зери тарма, сел ва инчунин наҷотдиҳии шаҳрвандон аз ғарқшавӣ, баровардани ҷасадҳои ғарқшудагон ва дигар амалиётҳои ҷустуҷуию наҷотдиҳӣ иштирок намудаанд.

Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат дар давоми 10 соли фаъолият зиёда аз 303 маротиба барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ сафарбар гардида,  40 нафар шаҳрвандон наҷот дода шудаанд.

Дар баробари ин, наҷотдиҳандагони Даста курсҳои ғаввосӣ, кӯҳнавардӣ, кинологӣ, безараргардонии ҳудуд аз моддаҳои тарканда ва тартиби расонидани ёрии аввали тиббиро  хатм намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро ишғол намудаанд.

Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2016-2018 дар 3 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии бисёрҳарбии наҷотдиҳандагони касбӣ иштирок     намуда,     ҷойҳои     намоёнро ишғол намудаанд. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Кумита наҷотдиҳандагони Даста дар мусобиқҳои сатҳи байналмиллалии    «КАЗПАС», машқҳо байни дастаҳои наҷотдиҳии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намудаанд.

 Бо дастгирии Раиси Кумита ва Раиси вилояти Халон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти Дастаи зудамали кофтуковӣ наҷотдиҳӣ таҷҳизоту воситаҳои наҷотдиҳии замонавӣ   харидорӣ карда шуда, айни замон Раёсат имконият дорад, ки дар ҳама шароитҳои мураккаби табиӣ наҷотдиҳандагонро барои гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ сафарбар намояд.

Дар баробари ин, дар сохтори Раёсати вилоят шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб фаъолият дошта, дар доираи вазифаҳои худ пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва пешбурди мудофиаи гражданӣ амалӣ намуда,  маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.

Дар давраи фаъолият Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, шуъбаи Раёсат дар минтақаи Кӯлоб бо дастгирии роҳбарияти Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон утоқҳо ва шароити корӣ барои кормандон муҳайё карда шуда, бо техника ва таҷҳизоти нави замонавӣ ва муосир таъмин карда шуданд.

 

Заминаи моддӣ-техникии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон

 

Фаъолияти Дастаи махсуси зудамали садамавӣ-наҷотдиҳии вилояти Хатлон