Тибқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 дар сохтори Дастгоҳи Марказии Кумита, Шуъбаи кадрҳо ташкил гардид.
Соли 1999 шуъба ба Раёсати кадрҳо ва кор бор ҳайати шахсӣ дар ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2018, №547 «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» раёсат ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ мубаддал карда шуд, ки аз ду шуъба ва як бахш иборат мебошад:
- шуъбаи ҷобаҷогузории ҳайати шахсӣ;
- шуъбаи корҳои сиёсӣ тарбиявӣ ва кор бо ҳайати шахсӣ;
- бахши таҳлилӣ ва бақайдгирии ҳайати шахсӣ.