Тибқи қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 дар сохтори Дастгоҳи марказии Кумита, Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ташкил гардид.
Соли 1999 раёсат ба Раёсати чорабиниҳо оид ба огоҳонидан аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки ҳайати он аз шуъбаҳои чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ, ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ, ҳифзи тиббӣ-биологӣ, эвакуатсия ва нақлиёт, зудамал, чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, кор бо созмонҳои башардӯстона, иттилоотию таҳлилӣ ва мониторингу пешгӯӣ иборат буд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2018, №547 «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» раёсат ба Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд табдил дода шуда, дар ҳайати он ду раёсат ташкил карда шуд:
-Раёсати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
-Раёсати ҳифзи шаҳрвандӣ.
Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд фаъолиятро оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иншоотҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба роҳ мемонад.