Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 баъд аз таъсис додани Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи наҷотдиҳӣ ба Маркази таъиноти махсус оид ба гузаронидани амалиётҳои дорои хавфи баланд, «Маркази наҷотдиҳӣ» табдил дода шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори сохторҳои наҷотдиҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №547 Маркази таъиноти махсус оид ба гузаронидани амалиётҳои дорои хавфи баланд, «Маркази наҷотдиҳӣ» ба Раёсати хадамоти таъиноти махсуси кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ, табдил дода шуд.
Дар доираи такмили сохтори Кумита ҷадвали штатии Раёсати кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ зиёд карда шуда, шуъбаи муҳандисӣ-техникӣ ва корҳои таркишӣ, шуъбаи тайёрии касбӣ ва ёрии тиббии психологӣ, шуъбаи ташкили корҳои ғаввосӣ ва шуъбаи кинологӣ иловатан таъсис дода шуданд. Дар баробари ин, дар водии Зарафшон Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ташкил карда шуд.
Айни замон, Раёсати наҷотдиҳӣ яке аз сохторҳои пешбарандаи соҳавии Кумита ба ҳисоб рафта, фаъолияти ҳамарӯзаи Дастаҳои махсуси зудамали наҷотдиҳии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро вобаста ба наҷот додани шаҳрвандон, арзишҳои моддӣ ва маданӣ, инчунин наҷот додани муҳити табиат дар минтақаи сар задани ҳолатҳои фавқулодда, барои пешгирӣ ва паст намудани хавфи таъсири ҳолатҳои хавфноки ин омилҳоро ба вуҷуд оваранда таъмин ва танзим менамояд.