Аз 17 августи соли 1994 бо таъсис ёфтани Кумита, Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайати ташкилотҳои системаи он шомил гардида, барои хизматрасонӣ дар кону маъданҳои саноати кӯҳкорӣ вобаста ба таъмини бехатарии кормандони соҳаи кӯҳкорӣ дар иншоотҳои зеризаминӣ фаъолият менамоянд. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ситоди қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ (ХҶҲНК) дар шаҳри Хуҷанд табдил дода шуд. Дар сохтори ХҶҲНК шаҳри Хуҷанд 5 взводи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва 5 нуқтаи наҷотдиҳии кӯҳӣ шомил мебошанд.
Шумораи умумии наҷотдиҳандагон 24 нафарро ташкил дода, взводҳо ва нуқтаҳои наҷотдињии кӯҳӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Гулистон, ноҳияҳои Айнӣва Мастчоҳ воқеъ мебошанд.
Хадамоти ХҶҲНК шаҳри Хуҷанд дар асоси шартномаҳо ба комбинатҳои маъдантозакунии кӯҳии Шӯроб, Консой, Анзоб, Тарор, Зарнисор, Фон-Яғноб, Ғабируд, Панҷ-Чоч, Моғиён ва Такоб хизмат мерасонад.
Хадамот бо взводҳои алоҳидаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва нуқтаҳои наҷотдиҳии кӯҳӣ чунин вазифаҳоро, аз ҷумла наҷот додани коргарони зеризаминӣ дар ҳолати садама ва хомӯш намудани сӯхтор дар иншооти зеризаминӣ, инчунин хомӯш намудани сӯхторҳои ба амал омадаи рӯи заминӣ, ки ба иншоотҳои зеризаминӣ таҳдид менамояд ва ё ҳаёти одамонро дар ин ҷойҳои зери хавф қарор медиҳанд, иҷро мекунанд.