Дар асоси Протоколи ҷаласаи назди муовини аввали Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Точикистон аз 17 январи 1992, №3 бо мақсади дар оянда идома додани фаъолияти системаи хабардоркунии кӯли Сарез, Раёсати истифодабарии системаи «Усой» ба сохтори Ситоди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Точикистон дохил карда шуд.
Аз 17 августи соли 1994 Раёсати истифодабарии системаи «Усой» ба ҳайати Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори мустақили ғайриҳарбӣ дохил карда шуда, соли 1998 ба сохтори ҳарбӣ мубадал гардид.
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Раёсат соли 2017 дар асоси қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 нобри соли 2017, №547 “Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Раёсати истифодабарии системаи «Усой» ва масъалаҳои кӯли Сарез ба Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез табдил дода шуд.
Аз соли 2017 Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез сохтори махсуси мустақили Кумита ба ҳисоб рафта, дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба мониторинг, пешгӯӣ, омодагии аҳолӣ ва хабардоркунии фаврии мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳонидани аҳолии минтақаҳои дорои хавфи офати табиӣ дар ҳолати рахнашавии кӯли Сарез дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсарҳад, масъул мебошад.
Дар Раёсат ду шуъбаи пешбаранда, шуъбаи мониторингу таҳлил ва шуъбаи хабардоркунии қаблӣ фаъолият мекунад.