Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита ҳамқадами Кумита буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 «Дар бораи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва корҳои мудофиаи граждании назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил гардида аст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №611 «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди барҳам хурдани Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳои зикршуда ихтисор карда шуда, ба Раёсати ақибгоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, нақлиёт ва техника ва хоҷагии ёрирасони «Наҷот» табдил дода шуд.
Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Раёсати ақибгоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, нақлиёт ва техника ва хоҷагии ёрирасони «Наҷот»-и Кумита бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №547 ташкил карда шуд.
Фаъолияти Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт асосан барои сари вақт таъмин намудани воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбии Кумита бо маводи хӯрока, амволи шайъӣ, маводи сӯзишворӣ ва дигар ловозимоти зарурӣ мебошад.