Бо дарназардошти аҳамияти чорабиниҳои пешгирикунанда ва огоҳкунанда дар иншооти фаъол дар ҳайати ташкилотҳои системаи Кумита ҳамчунин Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳри Норак (минбаъд Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Норак) дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар барои хизматрасонӣ дар сохтмон ва истифодабарии нақбу туннелҳои иншоотҳои гидротехникию нақлиётӣ фаъолият менамояд.
Дар оғози фаъолияти худ дар кишварамон Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Норак ҳамчун Даста таъсис ёфта, ба ҳайати Ситоди қисмҳои наҷотдиҳии кӯҳии Вазорати энергетика ва электрофикатсияи Иттифоқи Шӯравӣ шомил буд.
Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Норак бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ аз 28 декабри соли 1978, № 2825-Р ва фармони Вазорати энергетика ва электрофикатсияи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 23 январи соли 1979, №32 ташкил шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 1992, № 64 Дастаи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии тоҷик ба тобеияти Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, № 400 Дастаи ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии тоҷик ба ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, соли 2017 баъд аз такмили сохтори Кумита Қисми мазкур ба Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ табдил дода шуд.
Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Норак сохтори махсусгардонидашудаи давлатӣ буда, бо тартиби муқараргардида хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳиро дар иншооти саноати кӯҳкорӣ, сохтмон ва истифодабарии нақбҳо, иншооти гидроэнергетикию гидротехникӣ, инчунин дигар иншооти шаклҳои гуногуни моликият, ки корҳои кӯҳӣ мегузаронанд ва ё коркардҳои кӯҳии зеризаминӣ доранд, амалӣ менамояд.
Ҳоло ХҶҲНК дар шаҳри Норак яке аз як взводи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва 3 бунгоҳи наҷотдиҳӣ иборат аст. Шумораи кормандони он 32 нафарро ташкил медиҳад ва онҳо бехатарии гузаронидани корњоро дар иншооти гидротехники НБО -и Норак, Сангтуда -1 ва нақби обрасонии Данғара «Нақби оби Данғара» таъмин менамоянд.