Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе саҳифаҳои таърихии худро аз соли 1977 оғоз намудааст. Дар ин давра яъне аз 1 июли соли 1977 бо қарори Савети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ин сохтор фаъолияташро то соли 1994 идома дод.
Аз давраи таъсисёбии Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ба зиммаи ӯ вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои хоҷагии халқ аз оқибати садама, фалокат, офати табиӣ, гузаронидани корҳои начотдиҳӣ ва барқарорсозӣ вогузор карда шуд. Дар ин ҷода, масъалаи таъсиси низоми нави ягонаи давлатӣ, ки баҳри тайёрии пешакӣ ҷиҳати фаъолият намудан дар шароитҳои душвор ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи садамаҳои калон, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ ба амал меоянд, ба миён омад.
Дар асоси қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, №400 Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар доираи такмили сохтор Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ба Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе табдил дода шуд.
Аз ҳамон давра фаъолияти Ситод ба рушди соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда равона гардида, дар муддати кқтоҳ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда аз нав таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Дар давоми фаъолият Ситод ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гашта, баҳри ташаккул ва пешравии соҳа чораҳои зарурӣ андешидааст.
Таҳлили омилҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, техногенӣ ва хусусияти низомидошта, мушаххасан талаб менамоянд, ки аҳолӣ ва ҳама сатҳҳои идора барои амал дар ҳолатҳои фавқулодда омода бошанд.
Бо ин мақсад, соли 2010 дар заминаи Ситоди шаҳр, Курсҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дастаи зудамали наҷотдиҳӣ таъсис дода шуданд.
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Ситод, инчунин васеъ намудани вазифаҳо, ваколатҳо ва ҳуқуқҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сохтори штатии Ситод тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе табдил дода шуд.
Дар доираи такмили сохтор, Курсҳо ба Маркази таълимӣ-методӣ ва ситодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба шуъбаю бахшҳо табдил дода шуданд.
Ин имконият дод, ки воҳидҳои штатии шуъбаю бахшҳои Раёсат, инчунин бахшҳои ноҳияҳо зиёд гардида, ба ҳаҷм ва сифати иҷрои вазифаҳои соҳавӣ дар самти корҳои фаврӣ, омодасозии аҳолӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ оид ба ҳолати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда мусоидат намояд.
Мувофиқи ҷадвали штатӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе 53 нафар афсару прапоршик ва 8 нафар хизматчиён фаъолият намуда истодаанд.
Роҳбарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар давраи Истиқлолият
Фаъолияти рӯзмараи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе
Раёсат дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ, ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳри Душанбе аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд.
Раёсати шаҳри Душанбе, аз шуъбаҳо, бахшҳои ноҳиявӣ, Маркази таълимӣ-методӣ, Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ва шуъбаҳои мухталиф иборат мебошад, ки ҳар яки онҳо дар пешрафти соҳа, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар фаъолияти Раёсат нақши асосиро шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ, шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, Маркази таълимӣ-методӣ ва дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии шаҳри Душанбе мебозад, зеро маҳз масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, чорабиниҳои пешгирӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, тайёрӣ ва омӯзонидани тахассусҳои гуногуни аҳолӯ, инчунин корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бар души ин шуъбаҳо вогузор шудааст.
Фаъолияти шуьбаи оперативӣ ва сафарбарӣ, барои амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, омода ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомотҳои идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, низоми ягонаи идора, алоқа ва хабардоркунии аҳолӣ ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷангӣ равона гардидааст.
Дар ин давра, аз ҷониби шуъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда солҳои 2009-2018, 591 маротиба машқҳои мудофиаи гражданӣ, аз ҷумла 10 адад машқи мукаммал, 51 адад машқи фармондеҳӣ-ситодӣ, 259 адад машқи ситодӣ ва 271 адад машқи тактикии махсус гузаронида шудааст.
Шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд чорабиниҳоро баҳри ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва замони ҷангӣ амалӣ намуда, фаъолияти он ҷиҳати баҳодиҳии ҳолати муҳандисӣ, радиатсионӣ-кимиёвӣ, тиббӣ-биологӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Дар 10 соли сипарӣ гашта аз ҷониби шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд 744 чорабиниҳо баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.
Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши зуҳуроти хатарҳо ташкили омӯзиши аҳолӣ, омода намудани шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда ва дастаҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ барои фаъолиятҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда кафили таъмини бехатарии ҷамъият ва давлат, муҳофизати аҳолӣ, қаламрав ва иншооти иқтисодӣ мебошад.
Омӯзонидани ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ-сардории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, идораҳо, иншоотҳои иқтисодӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда мутобиқи нақшаҳои тасдиқшуда дар заминаи Маркази таълимӣ-методии Раёсати шаҳри Душанбе ташкил шуда буд.
Дар маҷмӯъ солҳои 2010-2018 дар шаҳри Душанбе дар курсҳои омӯзишии маркази таълимӣ-методӣ 6886 нафар шунавандагон, аз ҷумла шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда, ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ, инчунин кормандон ва хизматчиёни иншоотҳои иқтисодӣ таҳсил намуданд.
Дар сохтори Раёсати шаҳри Душанбе ду шуъба, аз ҷумла дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва ду бахш дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ фаъолият намуда, маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.
Фаъолияти шӯъбаи оперативӣ ва сафарбарӣ
Фаъолияти шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд
Фаъолияти Маркази таълимӣ-методии шаҳри Душанбе
Фаъолияти Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ
Яке аз сохторҳои асосии Раёсат, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии шаҳри Душанбе мебошад, ки фаъолияти он барои иҷро намудани амалиётҳои наҷотдиҳии
дорои хавфи баланд ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида аз ҳолатҳои фавқулоддаву офати табиӣ ва инчунин фалокату садамаҳо равона гардидааст.
Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ӯҳдадориҳои худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Кумита Раёсати шаҳри Душанбе ва хадамотҳои наҷотдиҳии ташкилоту муассисаҳои гуногун, инчунин сохторҳои мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ мегардонад.
Аз давраи таъсисёбӣ то ҳол ҷиҳати такмил додани заминаи моддӣ-техникии Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе дар 27-соли соҳибистиқлолӣ, хусусан аз соли 2000 то инҷониб нуфузи Раёсат дар байни дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, аз лиҳози техника ва таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ назаррас мебошад.
Дар баробари ин, барои наҷотдиҳандагон баҳри иҷрои ӯҳдадории вазифавӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳукумати шаҳри Душанбе барои такмил ва мукаммалсозии низоми ягонаи мақомоти идоракунии фаврӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда диққати махсус медиҳад.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои 2012-2018 ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии Раёсати шаҳри Душанбе техникаҳои махсуси кофтуковию наҷотдиҳӣ ва таҷҳизотҳои зарурӣ харидорӣ шудааст.
Дар давраи фаъолият аз солҳои 2010-2018, дастаи наҷотдиҳии шаҳри Душанбе зиёда аз 1474 маротиба барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ сафарбар гардида, 314 нафар шаҳрвандон наҷот дода шудаанд.
Бо мақсади ба танзим даровардани низоми идоракунӣ, ташкили огоҳкунии мақомотҳои дахлдор ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бурдани назорат аз болои ташкили кори воситаҳои дахлдори огоҳсозии маҳаллӣ аз соли 2017 дар Раёсати шаҳри Душанбе Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ таъсис дода шуда, он ҳамчун мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи Низоми ягонаи давлатии шаҳри Душанбе оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият намуда истодааст.
Истифодаи технологияҳои нав дар кори Марказ имкон медиҳад, ки ҳама навъҳои иттилоотро дар вақти воқеӣ бо истифода аз системаҳои гидротехникӣ ва технологияи мониторингӣ тибқи идораи тадқиқи масофавӣ амалӣ намоянд.
Дар робита бо афзоиши мунтазами вазъияти ҳолатҳои фавқулодда, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироӣ, ташкили мубодилаи иттилоотӣ байни мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту идораҳо ва хадамотҳои шаҳри Душанбе, фаъолияти афзалиятноки Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.
Бояд бо ифтихору ҳисси миннатдории бепоён қайд намуд, ки пешрафти соҳаи мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар шаҳри Душанбе бо дастгирии доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба даст омада, боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта истодааст.
Заминаи моддӣ техникии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе
Фаъолияти Дастаи махсуси зудамали садамавӣ-наҷотдиҳии шаҳри Душанбе