Сардори Раёсат полковник Фарзони Иброҳими Собир

Аз соли 1994 баъд аз таъсис ёфтани Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо оид ба сохтмон ба зиммаи шуъбаи муҳандисию техникии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд вогузор гардида буд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 июли соли 1999, №1239  Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, яке аз сохторҳои онро Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қӯшунҳо ва истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо, ташкил медод.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2017, №547 сохтори Кумита такмил дода шуда, дар раёсат шуъбаи ташкилию сохтмонӣ ва бахши  истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо ташкил карда шуд.

Вазифаҳои раёсат аз бастани шартномаҳо бо ташкилотҳои  пудратӣ, пешниҳоди  ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ, ташхиси давлатӣ, назорати техникӣ,  ташкили гурӯҳҳои корӣ оид ба санҷиши омодагӣ ва ба истифода додани сохтмони бино ва иншоотҳо,  муайян намудани зарари бар асари офатҳои табиӣ ба иншоотҳои Кумита расида,  пешниҳоди лоиҳаи барномаи давлатии инвеститсионӣ оид ба барқарор кардан ва давом додани сохтмони иншоотҳои Кумита, инчунин барои тайёр намудани лоиҳаҳо, таъмини ташкилотҳои сохтмониву пудратӣ бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ, иборат мебошад.