Бо мақсади ба ҳам наздик будани фаъолияти соҳавӣ, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 152 Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ аз сохтори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Баъд аз такмили сохтори Кумита, Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 ба Хадамоти зидди жола табдил дода шуд.
Аз давраи такмили сохторӣ Хадамот ҳамчун воҳиди асосии Кумита, ин дар амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъсиррасонии фаъол, пешгирии талафёбӣ ва ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои боришоти жола ба шумор меравад.