Сардори Раёсати қӯшунҳо полковник Давлатзода Саидҷон Давлат

Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, ки дар вазорату идораҳо, ташкилотҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, иборат мебошанд.

Қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбӣ буда, дар итоати Кумита қарор дошта, дар замони осоишта барои ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъин шудаанд. Дар замони осоишта Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда, барои бурдани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир истифода бурда мешавад.