Бо мақсади самаранок ва ҳарчӣ зудтар хабардоркунии ҷомеа оид ба ҳодисаҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ ё рухдода, таъмини бехатарии аҳолӣ ва ҳудуд, инчунин тарғибот дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, мусоидат ва мутобиқшавӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2017, №547 “Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сохтори Кумита Шуъбаи кор бо ҷомеа ҳамчун шуъбаи мастақил таъсис дода шуд.
Шуъба фаъолияти Кумитаро оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта дар миқёси ҷумҳурӣ, инчунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт дар воситаҳои ахбори омма инъикос ва табъу нашр намуда, робитаро бо ҷомеа барқарор ва дастгирӣ карда, таъмини иттилоотии сомонаи Кумитаро (www.khf.tj ва www.kchs.tj) бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таъмин сохта, бо мақсади инъикоси объективӣ ва пурраи фаъолияти Кумита бо воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад.