Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ ба Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон табдил дода шуд.
Сарраёсати мудофиаи гражданӣ аз ду раёсат: Раёсати ташкилию оперативӣ ва Раёсати ташкилию сафарбарӣ иборат мебошад.
Фаъолияти Сарраёсати мудофиаи гражданӣ дар самти муқарраргардида барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, тайёрӣ ва таъмини омодагии оперативӣ ва сафарбарӣ дар раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои воҳидҳои сохтории Кумита, таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва табодули иттилоот дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда дар давраи осоишта ва замони ҷанг, равона карда шудааст.