Обхезӣ низ аз ҷумлаи офати табиист, ки ногаҳон сар мезанад ва таърихи башар хеле зиёд обхезиҳоеро ёд дорад, ки ҷони миллионҳо нафарро гирифтаанд, миллионҳо хона, шаҳру рустоҳо зери об мондаанд. Бар асари ин офати табиӣ дар ҳолатҳое зиндагӣ дар минтақае комилан қатъ шуда, чун сокинонаш зери об мондаанд ва ё рӯ ба фирор овардаанд ва об хонаву кошонаи онҳоро зер кардааст. Ҳоло аз чанде аз онҳо ёд мекунем.
Обхезии Марями Муқаддаси Магдалина(Маҷдалия) Яке аз харобиовартарин обхезиҳои таърихи башар буд, ки соли 1342 иттифоқ уфтод ва он бузургтарин обхезӣ дар Аврупои Марказӣ ба ҳисоб меравад. Якбора чандин оби чандин дарёи минтақа аз ҷумла оби рӯдхонаҳои Рейн, Везер, Майн, Мозел, Верра, Элба аз соҳилҳои маъмулии худ берун рафтанд. Оби хурӯшон ба шаҳрҳои калонтарине чун Кёлн, Пассау, Вена, Регенсбург, Франкфурт зарари азим расонд.
Сабаби аслии ин рӯйдоди харобиовар боронҳои пуршиддате шуданд, ки зарфи чанд рӯзи охир мебориданд. Шумори дақиқи ғарқшудагон маълум нест, вале метавон тахмин намуд, ки онҳо ҳазорон нафар буданд. Ин офати табии дар таърих бо номи обхезии Марями Муқаддаси Магдалина боқӣ монд.
Шарҳи бештари истилоҳ:
Марями Магдалин-Марями Маҷдалия: шахсияте дар аҳди ҷадид ва яке аз пайравони муъмини Исои Масеҳ (а) ба шумор рафта, калисоҳои католики Рум, православи шарқӣ ва Англикан ӯро муқаддас медонанд. Лақаби Маҷдалия ишора ба шаҳре бо номи Маҷдала дар Исроил аст. Аз ҳамсафарони Исои Масеҳ (а) будааст.
Обхезии Бурхарди. Ин обхезӣ, ки соли 1634 дар Дания ва Олмон рух дод, ҷони бештар аз 8 ҳазор нафарро рабуд. Обхезӣ бар асари шамоли тӯфон, ки бо шиддати азими худ якчанд сарбандро канд, ба вуҷуд омад. Оби аз сарбанд ва соҳилҳо ҷаҳида мавзеъҳои сукунати одамон дар соҳилҳои Баҳри Шимолиро пахш кард ва бештар аз 8 ҳазор нафарро ба коми худ кашид.
Обхезӣ дар Хуанхэ. Хуанхэ (Руди зард)-ро дар Чин инҷиқтарин дарё меноманд. Ин рӯдхонаи азим бо обхезиҳои пайвастаи худ шуҳрат ёфтааст ва дар тӯли таърихи башар обхезиҳои харобкори он ҷони садҳо ҳазорро дар хатар гузоштаву ҳазорон танро ба коми худ кашидааст. Обхезиҳои нисбатан харобиовару пурдаҳшати Хуанхэ солҳои 1887 ва 1938 рух додаанд.
Соли 1887 баъди боронҳои давомдор бисёр сарбандҳо канда шуданд. Бар асари ин зери об шуданҳо қариб ду миллион нафар сокинон хонаҳои худро аз даст доданд. 90 ҳазор нафар кушта шуданд.
Соли 1938 ҳукумати миллигаро сабабгори як обхезии бузурги дигар шуд. Бо ин васила мехост ҳамлаи Ҷопон ба Чинро боздорад. Деҳоти зиёде зери об монданд, ҳазорон гектар заминҳои кишт хароб шуданд, қариб панҷоҳ ҳазор нафар ҳалок гардиданд, миллионҳо нафар овораву кӯ ба кӯ шуданд.
Обхезии Янсзи (тӯлонидарин дарёи Осиё ва сеюмин рӯдхонаи тӯлонӣ дар ҷаҳон – пас аз Нил ва Амазон). Ин ҳодиса соли 1931 рух дод ва дар он наздик ба 4 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин обхезӣ баъди дуюмин Тӯфони бузурги олам (Тӯфони Нуҳ) пурқудраттарин ҳисобида мешавад. Дар он чор миллион хона, сесад ҳазор километри мураббаъ заминҳои кишт зери об шуданд.
Обхезии Ганг. Ин ҳодисаи мудҳиш соли 1970 рух дод ва дар он панҷоҳ ҳазор нафар ҷон бохтанд. Сабаби он оби дарёи Кошӣ ва боронҳои пуршиддати селовар буданд. Оби рӯди Кошӣ сарбанди азимро шикаст, самти ҳаракати худро дигар кард ва минтақаи бузургеро сари роҳ зери об кард. Таърихи минтақа ин гунна обхезии ногаҳониву пурқурбониро ёд надошт.
Обхезии «Бузург»-и Амрико. Соли 1927 рух дод. Оби рӯди Миссисипӣ бар асари боронҳои дурударози пуршиддат аз соҳил хориҷ шуд. Қаламрави 10 иёлотро зери об кард, дар баъзе маконҳо умқи ин обхезӣ ба 10 метр мерасид. Ба хотири зери об нагузоштани Орлеани Нав қарор карданд сарбанди назди шаҳрро тарконанд. Дар натиҷа самти об дигар шуд ва ҳудудҳои дигарро пахш кард. Наздин ба панҷоҳ ҳазор нафар кушта шуданд.
Обхезӣ дар Санкт-Петербург. Ин шаҳр дар таърихи бунёди худ борҳо аз обхезӣ ҷабр дидааст. Тибқи як омор шаҳри Питер на камтар аз 330 маротиба ба ин хатар рӯ ба рӯ шудааст. Дар ноҳияҳои мухталиф шумо метавонед нишондодеро аз сатҳи об бинед. Соли 1691, ҳоло ки Санк-Петербург поягузорӣ нашуда ва ин қаламрав мансуб ба шведҳо буд, низ зери оби рӯди Нева монда буд. Дар ин бора асноди шведиҳо шаҳодат медиҳад, ки тибқи он сатҳи оби дарё дар соҳил то ба 762 сантиметр баланд шуда буд.
Аммо пурдаҳшаттарин обхезӣ соли 1824 рух дод. Тибқи оморҳо аз дусад то шашсад нафар сокинон ба ҳалокат расиданд. Маълум аст, ки сатҳи оби Нева дар ин сол чор метр боло шуд. Пеш аз обхезӣ борони тӯлониву пуршиддат борид ва ин сабабгори он шуд, ки сатҳи оби рӯди Нева боло шавад.