Донистаниҳо

Тақвими рӯз: 70 сол пеш дар чунин рӯзе

Ин ҳам як саҳфаи таърихи башар аст. Сарнагунии ҳавопаймо дар шаҳри Свердловски Русия. 70 сол қабл дар чунин рӯзе ҳавпаймои Ли-2 дар наздикии фурудгоҳи Колсовой, дар канораҳои шаҳри Свердловск сарнагун шуд. Ли-2 тайёраи ҳарбӣ ва мансуб ба неруҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Саҳифае аз таърих: Саду шасту ҳашт сол пеш дар чунин рӯзе...

168 сол пеш, дар чунин рӯзе фоҷеае рух дод, ки одамони зиёд талаф шуданд. Калонтарин киштии бухории чархии олам дар миёни оби уқёнус оташ гирифт. Аз 162 мусофири “Амазонка” танҳо 58 нафар зинда монданд, аз инҳо 11 нафар ақли худро бар асари даҳшате, ки дар сӯхтор диданд, аз даст доданд, девона шуданд.

Киштии «Амазонка» аз назари расонаҳои британиёӣ

Як саҳифаи таърих: Ёде аз таркиши Магнитогорск, ки ҷони чор тоҷикро низ рабуда буд

Охири соли гузашта дар як хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорски Русия таркиши сахте ба вуҷуд омад, ки бар асари он 39 нафар ҳалок шуданд. Чор нафари ин кушташудагон узви як оила аз Тоҷикистон буданд.  Дар натиҷаи ин таркиш, ки субҳи бармаҳал рух дод, як бинои даҳошёна қисман хароб шуд. Сабаби аслии ин таркиш то кунун расман эълон нашудааст, аммо фарзияи инфиҷори баллони газ аз миёни ҳамаи фарзияҳо

Як саҳифаи таърих: Заминларзаи зериобии уқёнуси Ҳинд, ки то 300 ҳазор нафарро кушт (ВИДЕО)

Зилзилаи бузурги Индонезия рӯзи 26-уми декабри соли 2004 9/1 балл аз рӯйи ҷадвали Рихтер дар умқи 30 километри замин ва дар фосилаи 160 километрии шимолу ғарби соҳилҳои Суматраи Индонезия даруни уқёнуси Ҳинд рух дод. Ин заминларза сеюмин зилзилаи қудратманди сабтшудаи таърих ва тӯлонитарин заминларза ном гирифт, ки ба муддати даҳ дақиқа минтақаҳои атрофро ба ларза даровард.

Пурқурбонитарин обхезиҳои олам

Обхезӣ низ аз ҷумлаи офати табиист, ки ногаҳон сар мезанад ва таърихи башар хеле зиёд обхезиҳоеро ёд дорад, ки ҷони миллионҳо нафарро гирифтаанд, миллионҳо хона, шаҳру рустоҳо зери об мондаанд. Бар асари ин офати табиӣ дар ҳолатҳое зиндагӣ дар минтақае комилан қатъ шуда, чун сокинонаш зери об мондаанд ва ё рӯ ба фирор овардаанд ва об хонаву кошонаи онҳоро зер кардааст.

Страницы