Як саҳифаи таърих: Ёде аз таркиши Магнитогорск, ки ҷони чор тоҷикро низ рабуда буд

Охири соли гузашта дар як хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорски Русия таркиши сахте ба вуҷуд омад, ки бар асари он 39 нафар ҳалок шуданд. Чор нафари ин кушташудагон узви як оила аз Тоҷикистон буданд.  Дар натиҷаи ин таркиш, ки субҳи бармаҳал рух дод, як бинои даҳошёна қисман хароб шуд. Сабаби аслии ин таркиш то кунун расман эълон нашудааст, аммо фарзияи инфиҷори баллони газ аз миёни ҳамаи фарзияҳо боварибахштар буд.  Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз аввалин рӯзҳо амали террористӣ будани ин таркишро комилан рад карданд ва ҳеч шаҳодате дар ин маврид ҳам ба даст наомад.

Дар маҷмуъ барои роҳандозии корҳои наҷот 899 нафар одам, 217 техникаи гуногун ҷалб карда шуда буданд.Аз вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия 453 нафар ва 59 адад техника, аз ҷумла 3 чархбол дар корҳои наҷот ширкат карданд.  

Рӯзи 3-уми марти соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омада буд:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари таркиши газ дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, ки муҷиби ҳалок ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар одамон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Дар робита ба ин фоҷиа тасаллияти амиқи худро ба тамоми мардуми дӯсти Россия иброз дошта, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед».


Сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ин рӯйдодро то охир пайгирӣ мекард.
Матолиби дарҷшударо ин ҷо метавонед бихонед ва маълумоти пурратар ҳосил кунед:

Теъдоди ҳалокшудагони фоҷеаи Магнитогорск ба 19 нафар расид.
Сарнавишти чаҳор ҳамватани мо номаълум
Эълони 11 куштаи инфиҷор дар биное дар шаҳри Магнитогорски Русия
Консули Тоҷикистон дар Екатерингбург хабари ҳалокати Раҷабмоҳ Улфатова бо се кӯдакашро тайид кард
Шумори ҳалокшудагон дар бинои фурӯрафтаи Магнитогорск ба 37 нафар расид
Амалиёти наҷот дар бинои инфиҷоршудаи Магнитогорск ба анҷом расид

барчасп: