Ин ҳам як саҳфаи таърихи башар аст. Сарнагунии ҳавопаймо дар шаҳри Свердловски Русия. 70 сол қабл дар чунин рӯзе ҳавпаймои Ли-2 дар наздикии фурудгоҳи Колсовой, дар канораҳои шаҳри Свердловск сарнагун шуд. Ли-2 тайёраи ҳарбӣ ва мансуб ба неруҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Он рӯз Ли-2 барои бозии ҷоми қаҳрамонии хоккей (солҳои 1949-1950) бо фармони шахсии Иосиф Сталин ҷудо шуда буд. Соати 6 субҳ аз фурудгоҳи хиёбони Ленингради Маскав ба самти Челябинск парвоз кард. Дар он ғайр аз 6 хадамаи ҳавопаймо боз 13 нафар хокейбозони тими неруҳои мусалаҳ менишастанд. Он яке аз тимҳои бомаҳорати хокей дар он шабу рӯз буд.
Ҳаво барои идомаи парвоз номусоид омад ва сарвари парвоз Иван Зотов ба қароре омад, ки дар фурудгоҳи эҳтиётии Свердловск фуруд ояд. Ҳавои тира монеъи ин нишаст шуд ва ҳавопаймо сахт ба замин бархӯрд.
Дар ҳодиса ҳамаи сарнишинони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд ва ҳамаи онҳо дар як қабристон-қабристони шаҳраки Колсово ба хок супурда шуданд.
Бо гузашти чанд муттад ба хотираи ин кушташудагони сарнагунии ҳавопаймо дар қабристони бародарии Колсово пайкараи ёдбуд гузоштанд.