Дар сели азими пойтахти Индонезия 21 нафар ба ҳалокат расиданд
Чоп шуд: 02/01/2020 | redaktorБорандагии шадид дар Ҷакарто-пойтахти Индонезия муҷиби омадани сели азим шуд. То кунун аз марги 21 нафар гузориш дода шудааст. Мақомот мегӯянд ин шадидтарин борандагӣ зарфи 24 соли охир будааст. Созмонҳои ҳавошиносӣ, иқлимшиносии Индонези гуфтаанд, ки як истгоҳи ҳавошиносӣ дар фурудгоҳи Ҷокартои шарқӣ 377 миллиметр борандагӣ дар як рӯзро сабт кардааст.